Қонун “Дар бораи вазъияти фавқулодда” қабул гардид

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Қонун «Дар бораи вазъияти фавқулодда»  № ҚҶӮ-737 аз 15 декабри соли 2021 имзо кард.

    Вазъияти фавқулодда дар ҳолатҳои истисноӣ дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳое ҷорӣ карда мешавад, ки бевосита ба ҳаёт, саломатӣ ва амнияти шаҳрвандон, ба сохти конститутсионӣ ва (ё) тамомияти арзӣ таҳдид мекунад ва бидуни истифодаи чораҳои фавқулодда бартараф карда намешавад.

    Вазъияти фавқулодда бо фармони Президент дар саросари Ӯзбекистон ё дар баъзе ҷойҳо ҷорӣ карда мешавад.

    Вазъияти фавқулода дар саросари Ӯзбекистон набояд аз 30 шабонарӯз ва дар баъзе минтақаҳо 60 шабонарӯз зиёд бошад.

    Дар сурати ноил нашудан ба ҳадафҳои ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодда, мӯҳлат метавонад дароз карда шавад.

    Дар давраи вазъияти фавқулодда чораҳо ва маҳдудиятҳои муваққатии зерин метавонанд ҷорӣ карда шаванд:

    • пурра ё қисман боздоштани ваколатҳои мақомоти давлатӣ; маҳдудиятҳо барои ҳаракат;
    • пурзӯр намудани муҳофизати тартиботи чамъиятӣ, объектҳои махсусан муҳим ва махфӣ;
    • маҳдудиятҳо дар татбиқи баъзе намудҳои фаъолият;
    • тартиби махсуси фурӯхтан, харидан ва тақсим кардани озуқаворӣ ва молҳои мавриди ниёзи аввал;
    • манъ ё маҳдуд кардани маҷлисҳо, митингҳо;
    • маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёт.

    Барои таъмини тартиби вазъияти фавқулодда мақомоти махсуси идоракунии давлатӣ метавонанд таъсис дода шаванд, ки ба он бояд инҳо дохил шаванд:

    • Комиссияи давлатии таъмини режими вазъияти фавқулодда; Комендатураи ноҳия.
    • Дар сурати ба амал омадани тахдиди реалии берунӣ соати комендантӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, афроде, ки қоидаҳоро вайрон кардаанд, то ба охир расидани соати комендантӣ боздошт мешаванд, хабар медиҳад шабакаи ҳуқуқии Вазорати адлия.
    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates