Қарор дар бораи ҳамкорӣ оид ба татбиқи муштараки лоиҳаи роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон” қабул гардид

    Нақлиёт 10 Iyul 2024 1126

    Қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон “Дар бораи тасдиқи шартномаи байналхалқӣ” (ҚП № 247 аз 8 июли соли 2024) қабул гардид.

    Тибқи қарор, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ оид ба татбиқи муштараки лоиҳаи роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон" миёни ҳукумати Чин, Девони Вазирони Қирғизистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.

    Созишнома 6 июни соли 2024 дар Пекин ба имзо расид.

    Вазорати нақлиёт мақоми салоҳиятдор барои иҷрои ин шартномаи байналмилалӣ таъин гардид.

    Пас аз эътибор пайдо кардани ин шартномаи байналмилалӣ Девони Вазирон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор аз болои иҷрои қоидаҳои он тибқи тартиби муқарраргардида назоратро таъмин менамоянд.