Дар баробари ҳайатҳо ва намояндагони доираҳои соҳибкорӣ аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин ва Эрон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар ин форуми бонуфуз фаъолона иштирок мекунад. Он маҳсулоти содиротӣ, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақобатпазири худро муаррифӣ менамояд.
Гӯшаи миллии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи хосаи ҷомеаи байналмилалии соҳибкориро ба худ ҷалб кард. Ба самтҳое чун меваи хушк, маҳсулоти яхкардашудаи босифат, инчунин таомҳои миллии ӯзбекӣ, ки мероси ғании кулинарии кишварро инъикос мекунанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар доираи барномаи тиҷоратии намоишгоҳ созишномаҳои пешакӣ байни ширкатҳои «Shato Sog‘diana», «Original» ва Корхонаи шаробсозии Минск дар мавриди таъмини ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулоти шаробӣ ба даст оварда шуданд.
Ҳамзамон, бо шарикони эҳтимолӣ оид ба воридоти гӯшти сифатноки гов ба Ӯзбекистон бо нархҳои қобили қабул музокирот идома доранд. Амалӣ шудани ин созишномаҳо ба таҳкими амнияти озуқаворӣ, таъминоти устувори бозори дохилӣ ва густариши имкониятҳои содиротии маҷмааи кишоварзии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Иштироки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар намоишгоҳи «Belagro - 2025» аз самти стратегии кишвар дар рушди инноватсионии соҳаи кишоварзӣ, таҳкими бренди миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва диверсификатсияи бозорҳои содиротӣ шаҳодат медиҳад.
Намоишгоҳ то 7-уми июни соли 2025 идома хоҳад ёфт.








