Имрӯз рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ, нимаи дуюми рӯз дар вилояти Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм ва шомгоҳон дар вилоятҳои Самарқанду Ҷиззах, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат гирифта, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 30-35 дараҷа, дар ҷануб дар баъзе ҷойҳо то 37-39 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт бориш намешавад. Шамол дар як сония бо суръати 5-10 метр вазида, эҳтимол то 12-14 метр пурзӯр гардад. Ҳарорат 31-33 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо борон меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 20-25 дараҷа гарм мешавад.