Ба иттилои хидмати Узгидромет, субҳ дар пойтахт эҳтимоли боридани борон ва падид омадани туман дар назар буда, рӯзона ҳавои  бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол дар як сония 5-10 метр  мевазад. Ҳарорат 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борону барф) дар назар буда, туман фаро мегирад. Ҳодисаҳои селу обхезӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 0-5 дараҷа гарм мешавад.