Ҷаласаи 21-уми вазирони кишварҳои узви СҲШ, ки барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷорати хориҷӣ масъуланд, баргузор гардид

    28 сентябри соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Ўзбекистон таҳти сарварии муовини вазири сармояҳо ва савдои хориҷӣ Х.Ф. Тешабоев дар 21-умин ҷаласаи вазирони кишварҳои узви СҲШ, ки барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷорати хориҷӣ масъуланд, ширкат варзиданд.

    Ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар фазои СҲШ, аз ҷумла дар соҳаи либерализатсия ва осон кардани расмиёти савдо ва сармоягузорӣ, низоми бисёрҷонибаи савдо, занҷирҳои истеҳсолӣ ва таъминот, иқтисодиёти рақамӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ ва соҳаҳои дигар табодули назар карданд.

    Ҷониби Ӯзбекистон аҳамияти таҳияи механизмҳои татбиқи ташаббусҳое, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар роҳбарони ҳайатҳои кишварҳо дар Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ садо доданд, қайд намуд. Ин ташаббусҳо ба хотири такони нав бахшидан ба рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои узви Созмон пешбинӣ шудаанд.

    Дар ҷамъбасти ҷамъомад Изҳороти вазирони кишварҳои узви СҲШ, ки барои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва савдои хориҷӣ масъул мебошанд, оид ба дастгирии низоми савдои бисёрҷониба ва Ёддошти тафоҳум байни вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ-и ба масъалаҳои иқтисоди хориҷӣ ва фаъолияти савдои берунӣ масъул оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи занҷири таъминот қабул шуданд.

    Ҷонибҳо якдилона нияти худро ҷиҳати идомаи кор барои фароҳам овардани фазои мусоид барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии кишварҳои узви СҲШ, инчунин фаъол гардонидани кор оид ба санадҳои дахлдори СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ тасдиқ карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates