Аз ҷумла, дар ҷараёни сафар ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расиданд:
– Меморандуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сингапур дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2023-2026;
– Меморандуми ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Сингапур;
– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Сингапур барои солҳои 2023-2024;
– Меморандуми ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Идораи сайёҳии Сингапури назди Вазорати савдо ва саноати Ҷумҳурии Сингапур;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ассотсиатсияи миллии агентиҳои сайёҳии Сингапур;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии ҳамкории Сингапур оид ба рушди соҳибкорӣ, фаъолияти муштарак дар соҳаи иқтисодиёти сабз;
– Меморандуми ҳамкорӣ байни Агентии ҷалби сармояҳои хориҷии назди Вазорати сармояҳо, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи бизнеси Ҷумҳурии Сингапур.