Дар масҷиди қадимӣ осорхона ташкил карда шуд

    Ҳукумат 11 Oktabr 2021 7165

    Президент Шавкат Мирзиёев ба осорхонаи қурбониёни табъиди вилояти Қашқадарё ташриф овард.

    Мувофиқи фармоиши Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 8 октябри соли 2020 оид ба абадӣ гардондани хотира ва омӯзиши мероси қурбониёни табъид корҳои васеъмиқёс сурат мегиранд. Осорхона бахшида ба хотираи онҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва тамоми вилоят ташкил карда шудаанд.

    Дар Қашқадарё чунин музей дар масҷиди Одина -- макони таърихаш беназир ҷойгир аст.

    Масҷиди Одина дар соли 1386 аз ҷониби Соҳибқирон Амир Темур сохта шудааст. Соли 1868, ҳангоми ҳуҷуми лашкари Русияи подшоҳӣ, айвони масҷид аз тупҳо тирборон карда, хароб карда шуд. Дар замони режими тоталитарӣ масҷид бори аввал ба анбор ва соли 1938 ба зиндон табдил дода шуд.

    - Дар шароити тоталитарӣ шаъну шарафи мардуми мо, ифтихори инсонӣ поймол карда шуд. Мисоли ин табдил ёфтани чунин макони муқаддас ба маҳбас аст. Имрӯз дар кишвари мо ба баланд бардоштани шаъну шарафи инсон диққати махсус дода мешавад. Мо бояд ба хотираи гузаштагони худ эҳтиром гузорем. Таъсиси осорхона дар ин ҷо ба хотираи қурбониёни репрессия ин барқарорсозии адолати таърихист, - гуфт Президент.

    Осорхона аз 11 бахш иборат аст, ки дар онҳо аксҳои беназир, харитаҳо, ашё ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ нигоҳ дошта мешаванд, ки дар бораи сиёсати мустамликавӣ ва табъид дар минтақаи Туркистон нақл мекунанд.

    Дар назди осорхона инчунин клуби таърихшиносони ҷавон ва китобхона ташкил карда шудааст.

    Дар ҷараёни сафар сарвари давлат ба саволҳои журналистон посух дод.