Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки дар вилоят дигаргуниҳои бузург сурат гирифта, ислоҳот дар ҳаёти мардум инъикоси худро меёбад.
Пештар бештар аз нисфи саноати вилоят ба шабакаи нефту газ ва кимиё рост меомад. Солҳои охир дар бахшҳои техникаи барқӣ, масолеҳи сохтмонӣ, бофандагӣ, мебелсозӣ “ҷаҳиши бузург” ба амал омад. Ҳоло саҳми ин соҳаҳо дар саноат 54 фоизро ташкил мекунад.
Лекин ҳаёт бознамеистад, вазифаҳое, ки бояд иҷро кунем, бисёранд. Тибқи таҳлилҳо, дар Қашқадарё камаш 15 миллиард долларина иқтидори истифоданашуда мавҷуд аст. Ҳатто агар танҳо сеяки ин иқтидор амалӣ гардад, ҳаҷми маҳсулоти минтақавии умумӣ метавонад дар давоми панҷ соли оянда то 10 миллиард доллар афзоиш ёбад.
Тавре маълум аст, дар ноҳияҳое, ки ба барномаи рушди босуръат дохил карда шудаанд, “Ситодҳои ислоҳот” ташкил карда мешаванд. Таъкид гардид, ки лоиҳаҳои нави дар Шаҳрисабз, Яккабоғ ва Кўқдала ба кор даровардашуда, дар ин раванд намунаи тайёранд. Дар Қашқадарё низ ташкил кардани чунин ситод муқаррар гардид.
Роҳбари давлат имкониятҳои иловагии рушди ҳамаҷонибаи вилоятро қайд кард.
Зикр гашт, ки захираи бузургтарин заминҳои кишоварзӣ мебошанд. Масалан, дар Қашқадарё заминҳои обёришаванда 515 ҳазор гектарро, замини наздиҳавлигӣ ва боғдорӣ 45 ҳазор гектарро ташкил карда, дар ҷумҳурӣ дар ҷойи якум аст.
Ғайр аз ин, дар вилоят 1,3 миллион гектар замини чарогоҳ ва ҷангал мавҷуд. Акнун барои истифодаи босамари онҳо ширкати алоҳида таъсис меёбад. Ба он мақоми ҷамъияти саҳомӣ, сармоя, маблағгузории дахлдор, аз он ҷумла, сармоя дода мешавад. Роҳбарии Шӯрои назорат ба зиммаи Сарвазир гузошта мешавад. Ба ширкат дар зинаи ибтидоӣ 100 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Бо истифода аз ин маблағ ва сармояҳои иловагӣ, дар давоми ду сол камаш 200 ҳазор гектар чарогоҳ ва заминҳои ҷангали вилоятро лазерӣ ҳамвор карда, дар онҳо технологияи каммасрафи об ҷорӣ карда мешавад.
Дар Қашқадарё барномаи рушди маҷмӯии чорводорӣ оғоз мешавад. Барои ин аз Хазинаи хоҷагии қишлоқ ба муҳлати то 12 моҳ бо 14 фоизи солона кредит ҷудо карда мешавад. Тавассути ин 127 нафар чорводорони вилоят ба иқтидори пурра мебароянд. Ба онҳое, ки ҳам замин ва ҳам ферма доранд, маблағи имтиёзнок тақдим карда мешавад.
Аз аввали сол содироти меваю сабзавот дар вилоят ду баробар афзуда, ба 62 миллион доллар расидааст. Махсусан, тарбузи «Кӯкдала» машҳур. Дар Қашқадарё ин корро бо помидор ҳам кардан мумкин аст. Бо ин мақсад дар 6 ҳазор гектар замини 13 ноҳия парвариши помидор роҳандозӣ мешавад.
Барои картошкапарварӣ кредитҳои имтиёзнок ба мӯҳлати то 12 моҳ бо 10 фоизи солона дода мешаванд. Воридоти таҷҳизоти зарурӣ ба ин бахш аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шуда, ҳангоми харидани тухмии хушсифат 50 дарсади андози арзиши иловашуда ҷуброн карда мешавад.
Таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Сарфи назар аз он, ки аз аввали сол 284 ҳазор нафар бо кор таъмин шуданд, боз ҳазорон нафар бекорон ҳастанд.
Аз ин рӯ, имсол дар Қашқадарё ҷиҳати бо кор таъмин кардани 470 ҳазор нафар, аз камбизоатӣ баровардани 150 ҳазор аҳолӣ, ба “минтақаи бидуни бекорон ва камбизоатон” табдил додани шаҳри Қаршӣ ва Шаҳрисабз ҳадафҳои бузург пеш гузошта шудааст.
Бахусус, дар гӯшаҳои табиати ноҳияҳои Шаҳрисабз, Қамашӣ, Ғузор ва Чироқчӣ минтақаҳои сайёҳӣ бунёд мешаванд. Дар бозори «Чиял»-и ноҳияи Кӯқдала барои омодасозии яхна шароит ва вазъи санитариро беҳтар намуда, рушди сайёҳии гастрономӣ вусъат меёбад. Дар маҳаллаи Қаросуви шаҳри Шаҳрисабз маркази оҳангарӣ кушода мешавад.
Ба шаҳрвандони бекор забонҳои хориҷӣ омӯзонида шуда, ба мамлакатҳое, ки даромади бештар медиҳанд, барои кор фиристода мешаванд. Дар заминаи беш аз 120 объект ва 400 гектар замин, ки тавассути музояда фурӯхта мешаванд, корхонаҳо бунёд гардида, ҷиҳати таъсиси 70 ҳазор ҷойи корӣ чораҳо андешида мешавад.
Имсол ба Қашқадарё ҷалби 3,5 миллиард доллар сармоя пешбинӣ шудааст. Дар панҷ моҳи сипаришуда ҳаҷми сармоягузорӣ дар Косон, Китоб ва Чироқчӣ тақрибан 2 баробар афзудааст.
Қайд карда шуд, ки конҳои вилоят барои ҷалби сармоя ва арзиши баланди иловашуда имконоти бузург доранд. Масалан, дар панҷ майдони ояндадори Китоб захираи 39 тонна тилло ва дар Чироқчӣ 10 ҳазор тонна металлҳои нодир кашф гардид. Дар соҳаи масолеҳи сохтмонӣ 16 лоиҳа ба маблағи 150 миллион доллар омода шудааст.
Бо истифода аз инфрасохтори атрофи заводи коркарди гази Муборак, дар 200 гектар майдон минтақаи саноатии инноватсионӣ ташкил карда мешавад. Дар он тибқи системаи кластерӣ 5 лоиҳаи бузург дар соҳаҳои нафту кимиё, электротехника, робототехника ва масолеҳи сохтмон татбиқ мегардад.
Вилоят дар парвариши пахта пешсаф бошад ҳам, саҳми он дар саноати бофандагӣ ба 10 фоиз ҳам намерасад. Дар ин соҳа 35 лоиҳа ба маблағи 400 миллион доллар оғоз хоҳад шуд. Ҷиҳати дар давоми сол ба 51 фоиз расонидани коркарди наху калоба ва дар соли оянда ба 100 фоиз расонидани он чораҳо андешида мешавад.
Барои татбиқи чунин лоиҳаҳои иқтисодӣ инфрасохтори пешрафта зарур аст. Масалан, тавассути таҷдиди 100 километр роҳи автомобилгарди “Ғузор-Бухоро–Нуқус–Бейнеу”, ки аз қаламрави вилоят мегузарад, иқтидори транзитӣ 3 баробар меафзояд.
106 километри шоҳроҳи “Қаршӣ–Шаҳрисабз–Китоб” бозсозӣ шуда, аз ду ба чаҳор қатор васеъ мешавад. Дар доираи ин лоиҳа роҳи нав ба масофаи 34 километр сохта мешавад, ки аз маркази Қамашӣ ва Яккабоғ давр зада мегузарад. Бо иштироки Бонки исломии рушд 60 километри роҳи “Тошканд-Тирмиз”, ки аз қаламрави Қашқадарё мегузарад, чорсамта ва семент-бетонӣ карда мешавад.
Барои беҳсозии шароити зисти аҳолӣ хонаҳои дорои 7 ҳазору 700 хонадон сохта мешаванд. Имсол 183 километр шабакаи об ва партовоб, 8-то иншооти обӣ бунёд мегардад.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои таъмини шуғли ҷавонон, пурмазмун ташкил кардани вақти холии онҳо низ диққат дода шуд. Вазифа гузошта шуд, ки онҳоро бо барномаи “Тиҷорати ҷавонон”, хатмкунандагони муассисаҳои таълими олиро бо барномаи “Қадам ба оянда” фаро гирифта, барои соҳибкорӣ ва таъмини шуғли онҳо кумак расонида шавад.
– Тавре мебинем, дар Қашқадарё корҳое, ки ба нақша гирифтаем, хеле зиёданд. Бо мардуми меҳнатдӯст, самимӣ ва олиҷаноби вилоят, ки аз Амир Темур барин аҷдоди бузургамон фазилатҳоеро чун ҷасорат, матонат, фарохдилӣ ба худ мерос гирифтаанд, албатта ба марраҳои бузурги пешгузоштаи худ мерасем. Итминон дорам, ки қашқадарёгиён дар сафи пеши тамоми ислоҳоти мо хоҳанд буд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад ҳокимони вилоят ва ноҳияҳо, роҳбарони соҳаҳо аз рӯи масъалаҳои баррасишуда маълумот дода, бо соҳибкорон ва намояндагони ҷамъиятӣ мулоқот карда шуд.