Таъкид гардид, ки Қашқадарё бо ҳудуди бузург, захираҳои бойи табиӣ, саноати рушдёфта ва мардуми меҳнатдӯсту соҳибкори худ дорои иқтидори бузург мебошад.
Соли гузашта дар маҳсулоти умумии минтақавӣ 6,8 фоиз, дар саноат 7,2 фоиз, дар соҳаи хизматрасонӣ 13,6 фоиз ва дар кишоварзӣ 4,3 фоиз афзоиш қайд гардид. Дар солҳои 2017–2025 ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақавӣ ба ҳар сари аҳолӣ 3,2 баробар афзуда, ба 26,9 миллион сӯм расид. Сатҳи бекорӣ ва нодорӣ мутаносибан то 4,9 ва 6,5 фоиз коҳиш ёфт.
Зикр гардид, ки дар соли 2026 аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои нав дар бахшҳои иқтисодиёт, таъмин намудани афзоиши 8,6-фоиза дар саноат ва бо ҷалби 3,5 миллиард доллар сармоя ба маблағи 727 миллион доллар содир намудани маҳсулот ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷа иқтисодиёти вилоят 8,2 фоиз, соҳаи хидматрасонӣ 15,9 фоиз, сохтмон 13,2 фоиз ва кишоварзӣ 5,8 фоиз афзоиш хоҳад ёфт.
Тавассути татбиқсозии 195 лоиҳаи саноатӣ ба маблағи 1,7 миллиард доллар, васеъ намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси марказҳои микросаноатӣ, зарурати таъмини суръати баланди рушди соҳаҳо таъкид карда шуд.
Дар бораи нақшаҳои татбиқи як қатор лоиҳаҳои бузурги саноатӣ дар вилоят маълумот дода шуд. Аз ҷумла, ташкили иқтидорҳои истеҳсоли матоъ, либосворӣ ва воситаҳои гигиенӣ, техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, истгоҳҳои қувватдиҳӣ барои мошинҳои барқӣ, панелҳои фибросементӣ ва плитаҳои деворӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, таъсиси минтақаи махсуси саноатии инноватсионии Муборак, минтақаи саноатии технологияҳои сабзи Қаршӣ ва тӯли солҳои 2026–2027 дар онҳо татбиқ намудани 36 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 1,1 миллиард доллар ва офаридани қариб 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зарурати ихтисосонидани амиқ ва миёнаи маҳаллаҳо дар асоси равишҳои нав, инчунин коҳиш додани камбизоатӣ аз ҳисоби ҷудо намудани кредитҳои имтиёзнок ва субсидияҳо таъкид гардид. Бахусус, тавассути ҷудо намудани 820 миллиард сӯм кредит, 52,3 миллиард сӯм ссуда ва субсидияҳо, инчунин дастгирии шахсоне, ки дар маҳаллаҳо худро бо кор таъмин менамоянд, 48 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ташкил шуда, 31 ҳазор микролоиҳа амалӣ карда мешавад.
Дар натиҷа то охири соли 2026 коҳиш додани сатҳи бекорӣ то 3,2 фоиз ва нодорӣ то 3 фоиз, ҳамзамон, ба минтақаҳои озод аз нодорӣ ва бекорӣ табдил додани ноҳияҳои Ғузор, Қамашӣ, Кӯкдала, Миришкор, Шаҳрисабз ва Яккабоғ чун мақсад муайян гардидааст.
Дар шароити имрӯза, ки нархи гӯшт дар ҷаҳон боло меравад, ҷорӣ гардидани низоми нав ҷиҳати мустаҳкам намудани чорводорӣ ва пойгоҳи хӯроки чорво, инчунин истифодаи самараноки заминҳои чарогоҳ дар вилоят зикр гардид.
Дар доираи он вазифа гузошта шуд, ки то соли 2030 дар маҷмӯъ 200 ҳазор гектар замин, аз ҷумла дар соли 2026 15 ҳазор гектар замин аз худ карда шавад ва тавассути таъминсозии онҳо бо инфрасохтор, афзунсозии ҳаҷми парвариши зироатҳои хӯроки чорво, картошка, сабзавот, зироатҳои лӯбиёгӣ ва равғанӣ таъмин гардад.
Соли ҷорӣ баланд бардоштани ҳосилнокии ғалла то 84,8, пахта то 47,5 ва картошка то 175 сентнер ба нақша гирифта шудааст. Инчунин гуфта шуд, ки аз ҳисоби хариди 48 комбайни ғалла ва 272 селексияи кишти пунба, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об ва агротехнологияҳои муосир барои то 20-35 фоиз зиёд намудани даромади соҳаи кишоварзӣ имконият вуҷуд дорад.
Таъкид гардид, ки таъминоти об барои Қашқадарё яке аз масъалаҳои вазнинтарин мебошад.
Бо назардошти он ки қисми асосии зироатҳо тавассути насосҳо обёрӣ мешаванд, дар соли 2026 ҷиҳати бетонпӯш кардани 320 километр каналҳои магистралӣ ва 3,3 ҳазор километр каналҳои дохилӣ, дар 70,6 ҳазор гектар ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об, дар 27,4 ҳазор гектар анҷом додани корҳои ҳамворкунии лазерӣ ва навсозии 16 истгоҳи насосӣ вазифаҳо гузошта шуданд. Тавассути ин тадбирҳо то 800 миллион метри мукааб сарфа намудани об дар назар аст.
Гуфта шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ лоиҳаи интиқоли об аз обанбори Ҳисорак ба шаҳри Қаршӣ таҳия мегардад. Дар доираи ин лоиҳа 16 иншооти оби нӯшиданӣ ва 416 километр шабака сохта мешавад. Дар шаҳрҳои Қаршӣ ва Шаҳрисабз, ноҳияҳои Деҳқонобод ва Қамашӣ шабакаҳои канализатсия таъмир мешаванд.
Таъкид гардид, ки барои пурра ба кор даровардани иқтидорӣ сайёҳӣ, дар дигар ноҳияҳо дар асоси таҷрибаи шаҳраки Миракӣ, ки соле 1 миллион сайёҳро ҷалб мекунад, васеъ татбиқ намудани лоиҳаҳои нав зарур аст.
Лоиҳаҳои таъсиси маркази туризми кӯҳии «Майданак» дар ноҳияи Қамашӣ, бунёди курорти байналмилалии умумимавсимии «Ғелон» дар ноҳияи Шаҳрисабз, ки метавонад дар як вақт ба 13 ҳазор сайёҳ хидмат расонад, рушди сайёҳӣ дар деҳаи Татари ноҳияи Яккабоғ ва ташкили масирҳои трекинг ва истироҳатгоҳҳои хаймагӣ дар минтақаи қуллаи Ҳазрати Султон аз ин ҷумлаанд.
Дар маҷмӯъ, соли ҷорӣ ташкили 45 меҳмонхона ва хонаҳои меҳмон, фароҳам овардани 1130 ҷойи иловагӣ муайян гардид.
Барномаҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани роҳҳо, хонаву ҷой ва инфрасохтори муҳандисию коммуникатсионӣ дар вилоят низ муҳокима шуданд. Барои беҳтар намудани роҳҳои дохилӣ, таъминоти об, инфрасохтори обёрӣ ва шабакаҳои барқ дар 2 ноҳия ва 46 маҳалла, ки бо намуди «Ӯзбекистони Нав» обод карда мешаванд, инчунин дар 3 ноҳия ва 108 маҳаллаи мансуби тоифаи вазнин ҷудо кардани 864 миллиард сӯм маблағ муқаррар карда шуд.
Дар самти иҷтимоӣ нишондиҳандаҳо оид ба дастгирии оила ва занону духтарон, инчунин рушди низоми тандурустӣ муайян гардиданд. Аз ҷумла, таъсиси кӯдакистон ва мактабҳои нави давлатӣ ва хусусӣ, таъмини шуғли 120 ҳазор занону духтарон, ба касбу ҳунар ва соҳибкорӣ омӯзонидани 21,1 ҳазор нафар ва тавассути «Дафтари занон» ба 102 ҳазор нафар пешниҳоди кӯмак дар назар аст.
Дар ҳамкорӣ бо Олмон оид ба муҳоҷирати муназзами меҳнатӣ ва тайёрии касбӣ ташаббусҳои нав пешниҳод гардиданд. Соли 2026 барои кор ба Олмон фиристодани 3000 нафар, дар соли 2027 5000 нафар ҷавон ва барои бозомӯзии онҳо таъсис додани Маркази таълим ва технологияҳо дар шаҳри Қаршӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар анҷоми ҷамъомад роҳбари давлат ба масъулон оид ба назорати қатъии иҷрои вазифаҳои муайяншуда, таъмини нишондиҳандаҳои сармоягузорӣ ва содирот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ вазифаҳои мушаххас дод.