Имрӯз, 6 июн дар шаҳри Самарқанд чорабиниҳои асосии сафар аз маросими мулоқоти расмии сарвари Қатар оғоз ёфт.
Дар майдони назди бинои Маркази конгресс қаровули фахрӣ саф ороста буд.
Президенти Ӯзбекистон меҳмони олиро гарму ҷӯшон истиқбол намуда, ба минбар даъват намуд.
Оркестри ҳарбӣ мадҳияҳои давлатии ҳар ду мамлакатро навохт.
Президенти Ӯзбекистон ва Амири Қатар сафҳои қаровули фахриро давр зада, аъзои ҳайати расмиро истиқбол намуданд.
Сипас музокироти сатҳи олӣ оғоз шуд.