Таъкид гардид, ки дар бисёр соҳаҳо илм аз ҳаёти воқеӣ то андозае дур шудааст, дар татбиқсозии баъзе лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои кишоварзӣ ва хоҷагии об низ ба асосноккунии илмӣ ва экспертиза таваҷҷуҳи кофӣ дода намешавад, инчунин иқтидори олим ва муҳаққиқон пурра истифода намегардад. Дар натиҷа, баъзе лоиҳаҳо самараи дилхоҳро намедиҳанд.
Ҳоло дар Донишгоҳи таҳқиқоти миллии “Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механизатсиясозии соҳаи кишоварзии Тошканд”, ки 7 факултет, 37 кафедра ва 38 самти таълим амал мекунад, зиёда аз 11 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Сатҳи таъмини шуғли хатмкунандагон 93 фоизро ташкил медиҳад. Дар донишгоҳ шумораи донишҷӯён ва профессор-устодони хориҷӣ низ пайваста меафзояд.
Ҳамзамон, бо мақсади таъмини ҳамоҳангии назария ва амалия дар тайёр кардани кадрҳои муҳандисӣ зарурати ба таври васеъ ҷорӣ намудани низоми таълими дуалӣ таъкид гардид.
Мувофиқи низоми нав, ки пешниҳод шуд, донишҷӯён 4 рӯз донишҳои назариявӣ мегиранд ва 2 рӯз дар корхонаҳои истеҳсолӣ таҷрибаомӯзии музднокро анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, дар самти хоҷагии об барои сарфаи об ва ташкили самараноки обёрӣ, дар соҳаи гидротехника ва гидроэнергетика – бетон кардани каналҳо, тартиб додани смета ва иштирок дар сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ, дар самти механизатсиясозии кишоварзӣ барои омода кардани техника ва иштирок дар ҷамъоварии ҳосил имконият фароҳам мегардад.
Зикр гардид, ки қисми зиёди захираҳои обии мамлакат ба манбаъҳои фаромарзӣ вобаста мебошанд. Аз ин рӯ, тайёр намудани кадрҳои дипломатӣ дар соҳаи захираҳои об яке аз вазифаҳои муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад.
Пешниҳод оид ба густариши барномаи магистратураи “Дипломатияи байналмилалии об” ва зиёд намудани ҷойҳои қабул дар асоси гранти давлатӣ дар донишгоҳ ҷонибдорӣ гардид. Тавассути ин барнома омодасозии мутахассисони баландихтисос барои давлатҳои ҳамсоя дар назар аст.
Дар муаррифӣ ташаббусҳои нав оид ба тақвияти иқтидори илмиву инноватсионии донишгоҳ низ баён гардиданд. Бахусус, бо истифода аз дронҳо ба роҳ мондани хизматрасониҳо ҷиҳати мониторинги майдонҳои кишт, пешгӯии ҳосилнокӣ, мубориза бо ҳашароти зараррасон, инчунин, дар асоси маълумоти мониторинги кайҳонӣ таҳияи тавсияҳои илмӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо ин мақсад дар донишгоҳ курсҳои омӯзиши идоракунии дронҳо роҳандозӣ мешаванд, лабораторияи таҳқиқоти кайҳонӣ ва моҳвораҳо, озмоишгоҳи маҷмӯии илмиву тадқиқотӣ ташкил мегарданд.
Илова бар ин, нақшаҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми идоракунии рақамӣ ва KPI, инчунин ташаккули низоми омодасозии кадрҳо дар асоси занҷираи «мактаб – техникум – донишгоҳ – истеҳсолот» пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми муаррифӣ роҳбари давлат ба масъулон аз рӯйи такмил додани низоми тайёр намудани кадрҳои муҳандисӣ барои соҳаҳои кишоварзӣ ва хоҷагии об, таъмини ҳамоҳангии илм ва амалиёт, инчунин, васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта супоришҳои дахлдор дод.