Сатҳи ААИ барои маҳсулоти кишоварзӣ бекор карда мешавад

    Президент Шавкат Мирзиёев 4 сентябр бо тақдимот оид ба тадбирҳои ташкили занҷираи арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ шинос шуд.

    Солҳои охир дар соҳаи аграрӣ ислоҳоти сохторӣ гузаронида шуда, чораҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии он амалӣ гардиданд. Майдонҳои кишти пахта ва ғалладона коҳиш ёфта, ба парвариши зироатҳои ғизоӣ равона карда шуданд. 160 ҳазор гектар боғҳо ва токзорҳои нав бунёд гардиданд. 1,5 ҳазор лоиҳа дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи умумии 1 миллиард доллар амалӣ шуд.

    Ҳамзамон, ҳиссаи иқтисодиёти хуфиёна дар кишоварзӣ то ҳол назаррас боқӣ мемонад. На ҳама маҳсулоти истеҳсолшуда дар ҳисоботҳои расмӣ инъикос мегарданд. Имрӯз ҳангоми фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ставкаи андози арзиши иловашуда 12 фоизро ташкил медиҳад.

    Ин масъала дар муколамаи кушоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо соҳибкорон бардошта шуд. Сарвари давлат ба ниҳодҳои масъул супориш дод, ки барои деҳқонон ва хоҷагиҳои фермерӣ шароити мусоидтар фароҳам оваранд ва сарбории андозро кам кунанд.

    Бо ҳамин мақсад бо ҷалби Хазинаи байналмилалии асъор ва инчунин коршиносони хориҷӣ ва маҳаллӣ пешниҳодҳо оид ба баровардани соҳаи аграрӣ аз «соя» таҳия гардиданд.

    Тибқи онҳо, аз 1 январи соли оянда барои фермерон ва деҳқонон ҳангоми фурӯши маҳсулоти худӣ андози арзиши иловашуда бо ставкаи сифрӣ татбиқ мешавад. Ин имтиёз ба мева, сабзавот, гӯшт, шир, тухм ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ба истиснои пахта ва ғалла дахл мекунад.

    Ҳамзамон, таҷрибаи бозпас додани ААИ барои тухмӣ, нуриҳо, сӯзишворӣ, нақлиёт, нерӯи барқ ва дигар хароҷоти истеҳсолӣ пардохташуда нигоҳ дошта мешавад. Дар натиҷа, ҳар сол дар ихтиёри фермерон ва деҳқонон иловатан тақрибан 300 миллиард сӯм боқӣ мемонад. Ҳамчунин, боз 400 миллиард сӯмро онҳо метавонанд тавассути имтиёзи нав бозпас гиранд.

    Дар маҷмӯъ, ин тадбирҳо фаъолияти шаффофро дар соҳа ташвиқ намуда, барои зиёд кардани шумораи плантатсияҳои калонҳаҷми саноатӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ замина фароҳам меоранд.

    Ба шахсони масъул дастур дода шуд, ки ба фермерон ва деҳқонон тартиби навро фаҳмонанд, татбиқи самараноки онро ба роҳ монанд, инчунин истеҳсоли маҳсулоти хӯроквориро фаъолона тарғиб намоянд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates