Чораҳо оид ба баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва манфиатдорӣ дар кишоварзӣ баррасӣ шуданд

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёв 12 феврал оиди ба кор бурдани захираҳои нав дар кишоварзӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Дар солҳои охир хоҷагии қишлоқ ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам аз ҷиҳати сифат тараққӣ мекунад. Технологияи сермаҳсул ва коркарди амиқ тавассути низоми кластерҳо ҷорӣ карда мешавад. Дар соли 2023 истеҳсолот дар соҳа 4,1 фоиз афзуда, 426 триллион сӯмро ташкил дод. Содирот қариб ба 2 миллиард доллар расид. 152 ҳазор гектар боғу токзор бунёд карда, иқтидорҳои коркарди 185 ҳазор тонна меваю сабзавот, 31 ҳазор тонна гӯшт ва 485 ҳазор тонна шир ба кор андохта шуданд.

    Бори аввал дар таърихи нави мо 3 миллиону 700 ҳазор тонна пахта ва 8 миллион тонна ғалла ба даст оварда шуд. Низоми баҳисобгирӣ ва фурӯши маҳсулот комилан рақамӣ гардонда шуд.

    Дар ҷамъомад ба масъалаҳои баланд бардоштани маҳсулнокӣ дар хоҷагии қишлоқ, кам кардани хароҷот ва сарфаи об диққати калон дода, вазифаҳои оянда муайян карда шуданд. Президент зарурати ба кор муносибати навоварона зоҳир намудан ва зиёд кардани истеҳсолот дар шароити маҳдуди замину об, инчунин дар соҳа ҷорӣ намудани фарҳанги саноатиро таъкид кард. Масалан, дар мамлакати мо ҳосили миёнаи ҳар гектар назар ба мамлакатҳои пешқадам паст буда, нурӣ, сӯзишворӣ ва об ду баробар зиёд сарф мешавад. Қайд карда шуд, ки тавассути ворид кардани тухмии ҳосилхез ва ба деҳқонон омӯзонидани технологияҳои нави кишоварзӣ имкон дорад, ки ҳосили пахта то 50 сентнерӣ ва ҳосили ғалла аз ҳар гектар то ба 100 сентнерӣ расонда шавад.

    Сарвари давлат масъалаи манфиатдории деҳқононро махсусан қайд кард. Имрӯзҳо дар асоси тартиби нав пахтаи хом ба воситаи биржа фурӯхта мешавад. Нархи пахта дар биржаи Ню-Йорк баланд мешавад. Дар ғаллакорӣ даромади деҳқонон аз ҳисоби ҷорӣ намудани муносибатҳои бозор ду баробар афзуд.

    — Агар фермерро ҳавасманд карда тавонем, вай метавонад бидуни субсиди давлат кор кунад. Чунин вақтҳо фаро хоҳад расид ва ин мақсади ман аст», — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани ҳавасмандӣ, аз соли ҷорӣ низоми додани қарзҳои имтиёзнок ба фермерҳо, мисли он ки дар пахтакорӣ истифода мешавад, дар ғаллакорӣ ҷорӣ карда мешавад. Ғайр аз ин хароҷоти кашондан ва нигоҳ доштани гандуми бо ресурсҳои давлат харидашуда пурра аз ҳисоби буҷет пӯшонда мешавад.

    Ҷиҳати муҳими устувории хоҷагӣ кам кардани хароҷот мебошад. Вобаста ба ин, супоришҳо дода шуданд, ки арзиши истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар соли ҷорӣ 15 фоиз кам карда, захираи кофӣ дар биржа ба вуҷуд оварда шаванд ва дар 70 ноҳия иловагӣ анборҳои нуриҳо ташкил карда шаванд.

    Сифат ва аломатгузории нуриҳои маъданӣ низ зери назорат гирифта мешавад. Ба деҳқонон шароит муҳайё карда мешавад, ки аз ҳисоби маблағҳои худ пору харанд. Тартиби қайди ҳатмӣ дар портали нақлиёт барои кашондани нуриҳои минералӣ аз анборҳо бекор карда мешавад.

    Барои кам кардани талафи об имсол аз бюджет барои бетон кардани 75 канали калон 680 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. Низоми додани вомҳо таҳти 14 фоиз ба муҳлати 5 сол бо давраи имтиёзнок барои ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакоронаи об ҷорӣ карда шуд. Дар ҷаласа кор дар ин самт аз рӯи минтақаҳо таҳлил гардида, камбудиҳо нишон дода шуданд.

    Мушкилоти бо интизоми ҳисобу китоб марбути соҳа қайд гардид. Масалан, қарзи кластерҳо аз деҳқонон то ҳол пурра баргардонида нашудааст. Тибқи тартиби нав, шартномаи фючерсӣ бо кластер, ки то 1 апрел қарзашро пардохт накардааст, бекор карда мешавад ва фермер ҳақ дорад пахтаро дар биржа фурӯшад. Дар ҷамъомад зикр гардид, ки ба фермероне, ки маълумотро ба платформаи электронӣ ворид карда, шартномаи фючерсӣ имзо намудаанд, қарз бояд дар тӯли се рӯз дода шавад.

    Дар ҷаласа ҳамчунин тадбирҳои зиёд кардани истеҳсол ва содироти меваю сабзавот баррасӣ шуд. Дар байни аҳолӣ илова ба 200 ҳазор гектари ҷудошуда боз 60 ҳазор гектар замин тақсим карда мешавад. Ғайр аз ин, истеҳсоли маҳсулот дар асоси кооператсия дар хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дастгирӣ карда мешавад. Ба ин мақсадҳо ба маблағи то 100 миллион сӯм бе гарав ва то 150 миллион сӯм бо гарави арзон қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд. Ба фермерон ва деҳқонон техникаи зарурӣ ба лизинг аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии “Узагролизинг” ба муҳлати то 10 сол бо давраи имтиёзноки 3 сол дода хоҳад шуд. Имтиёзҳои гумрукӣ барои воридоти култиваторҳо ва тракторҳои хурд ба 3 сол дароз карда мешаванд.

    Солҳои охир дар мамлакати мо миқдори гармхонаҳо ва ҳаҷми маҳсулоте, ки дар онҳо истеҳсол карда мешавад, се баробар афзуд. Имрӯзҳо гармхонаҳои зиёд сохта мешаванд, ки барои гарм кардан сузишворӣ талаб карда намешаванд. Президент ин таҷрибаро маъқул дониста, зарурати васеъ намудани онҳо ва ба фермерон “таҳти калид” додани гармхонаҳоро таъкид кард. Дар доираи барномаи «Соҳибкории оилавӣ» барои ин мақсадҳо то 100 миллион сӯм қарзи бегарав дода мешавад.

    Ба хоҷагии қишлоқ ҳам маблағгузорӣ фаъолона ҷалб карда мешавад. Соли ҷорӣ азхуд кардани 655 миллион доллар сармояи хориҷӣ дар назар аст. Дар лоиҳаҳо ба пешниҳоди маҳсулоти босифат ба бозор ва паст кардани сатҳи таваррум ба маводи ғизоӣ диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, 342 лоиҳа оид ба истеҳсоли 25 намуди маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот амалӣ мегардад.

    Муҳимияти идомаи ин кор, таҳияи лоиҳаҳои нав ва ҷалби брендҳои байналмилалӣ таъкид гардид. Бо истифода аз маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ қарзҳо барои лоиҳаҳои нав ба муҳлати то 10 сол бо пули миллӣ 18 фоиз ва барои пур кардани сармояи гардишӣ – қарзҳо ба мӯҳлати то 2 сол ҷудо карда мешаванд. 50 дарсади хароҷоти хидматрасонии ширкатҳои сорсингӣ, ки фармоишҳои брендҳои ҷаҳониро дар корхонаҳои ватанӣ ҷойгир мекунанд, пардохт карда мешавад. Барои ҳар як бренди ҷалбшуда то 500 миллион сӯм субсидия ҷудо мешавад.

    Минбаъд ба соҳибкороне, ки ба сӯм маҳсулот содир мекунанд, андоз аз арзиши иловашуда низ баргардонида мешаванд.

    Дар ҷамъомад оид ба дастгирии чорводорӣ, кирмакпарварӣ ва моҳидорӣ чораҳо муайян шуданд. Аз ҷумла, барои бунёди маҷмӯъҳои чорводорӣ, хариди чорво ва истеҳсоли хуроки омехта дар асъори миллӣ таҳти 17 фоиз бо давраи имтиёзнок дар тӯли 3 сол ба мӯҳлати то 10 сол қарз ҷудо карда мешавад. Хоҷагиҳои чорводорӣ низ барои маблағҳои муомилот 1 триллион сӯм кредити имтиёзнок мегиранд. Як қисми қарз, ки аз ставкаи 18 фоиза зиёд мебошад, аз ҳисоби Фонди дастгирии соҳибкорӣ пардохта мешавад.

    Кирмакпарварӣ дар асоси таҷрибаи Ветнам ва Хитой ба таври саноатӣ ривоҷ ёфта, тутзорҳо барпо карда мешаванд. Дар назди донишкадаи кирмакпарварӣ ду стансияи кирмакпарварӣ ба кор андохта мешавад.

    Барои баланд бардоштани ҳавасмандии моддӣ ба соҳа дар ду марҳала гузаштан ба принсипҳои бозорӣ анҷом дода мешавад. Имсол дар навбати аввал нархи пилла 25 фоиз зиёд карда мешавад. Ба аҳолӣ барои ҷамъоварии пилла ёрдампулӣ дода, пиллапарварон аз андози даромад озод карда мешаванд. Дар марҳилаи дуюм, аз соли 2025 сар карда, танзими давлатии нархҳо бекор карда, минбаъд ноҳияҳои ҷудогона ва фермерон ба кластерҳо вобаста карда намешаванд. Пилла дар байни фермер ва кластер дар асоси шартнома ба воситаи биржа бо нархи озод фурӯхта мешавад.

    Инчунин оид ба вусъат додани парвариши моҳӣ дар ҳавзҳои шафати дарёҳо ва ҳоҷагиҳои хусусӣ вазифаҳо муайян шуданд.

    Дар ҷамъомад бинобар масъалаҳои муҳокимашуда ҳисобот ва нақшаҳои масъулин шунида шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates