Бо шарофати таваҷҷуҳ, ки ба рушди кишоварзӣ дар мамлакат нигаронида шудааст, имкониятҳои соҳа густариш ёфта, дар афзунсозии ҳосилнокӣ нақши муҳим мебозанд. Дар маҳалҳо агромарказҳо таъсис ёфта, хизматрасонии маҷмӯӣ ба фермер ва деҳқонон роҳандозӣ мешавад.
Дар ноҳияи Шароф Рашидови вилояти Ҷиззах низ чунин марказ ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар марказ шуъбаҳое чун лабораторияи ҳифзи растаниҳо, дорухонаи ветеринарӣ, машварати агрономӣ, таъминоти тухмӣ ва ниҳол, сохтмони гармхонаҳо барои аҳолӣ, мағозаи агромаркет, фурӯши техникаҳои хурд ва хизматрасонӣ ба онҳо фаъолият доранд.
Дар ин ҷо тамоми хидматҳои соҳаи кишоварзӣ дар асоси тамоюли “равзанаи ягона” роҳандозӣ шудаанд. Дар ошёнаи якуми марказ, ки дар як гектар майдон ҷойгир аст, мағозаи воситаҳои ҳифзи растаниҳо, дорухонаи ветеринарӣ, мағозаи тухмӣ, агромаркет, утоқҳои бригадаи мобилӣ ва 8 хонаи дигари хидматӣ ҷойгир шудаанд.
Дар ошёнаи дуюм лабораторияи ҳифзи растаниҳо ҷойгир аст. Илова бар ин, хонаҳои таҳлили хок ва об, энтомология ва фитопатология низ таъсис дода шудаанд.
Дар ҳудуди марказ инчунин Садорати кишоварзии вилоят, шӯъбаи Агентии рушди агросаноат, агроинспексия, маркази тухмипарварӣ, иттиҳодияи қароқӯлпарварӣ ва дигар ташкилотҳои хизматрасони соҳаи кишоварзӣ ҷойгиранд.
Роҳбари давлат бо фаъолияти агромарказ шинос шуд, барои густариши минбаъдаи фаъолияти марказ, афзунсозии хидматҳо барои мизоҷон ва эҷоди арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавсияҳои худро дод.











