Дар минтақаи озоди иқтисодии «Қарокӯл» заводи аввалин ба кор даромад

    Ҳукумат 31 May 2024 1965

    Дар арафаи сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Бухоро дар минтақаи озоди иқтисодии «Қарокӯл» корхонаи «Enpipe» ба истифода супурда шуд.

    Лоиҳаи арзиши умумиаш 58 миллин доллар пурра аз ҳисоби сармояи хориҷӣ амалӣ гардид. Аз Чин, Туркия, Нидерландия ва Испания таҷҳизоти замонавӣ оварда насб карда шуд, ки имкони ба роҳ мондани истеҳсоли иқтидори 300 ҳазор тонна қубурҳои металлиро дар як сол фароҳам овард.

    Ин қубурҳо, ки бо усули дарзҳои бевосита истеҳсол карда мешаванд, ба фишори баланд ва таъсири беруна тобовар мебошанд. Қаблан ин гуна маҳсулот асосан аз хориҷ оварда мешуд. Аз сабаби ҷойи зиёдро ишғол намудани ҳаҷми қубурҳо нарх ҳам қимат мешуд.

    Ба ҷои ин ҳоло листҳои металлии ғафсиашон гуногун оварда мешаванд, ки аз онҳо завод қубур омода менамояд. Ба туфайли ин арзиши аслии онҳо 25 фоиз коҳиш ёфт.

    Дар саноати газу кимё ва маъдани кӯҳӣ, сохтмон ва дигар соҳаҳо ба ин гуна қубурҳои мустаҳкам талабот зиёд аст. Аз ҷумла, онҳо дар маҷмӯи газу кимиёи МТО, ки дар ин ҷо сохта мешавад, мавриди истифода қарор мегиранд. Дар корхона зиёда аз 400 нафар кор мекунанд.

    Ба Президент нақшаҳо ва маълумот дар бораи марҳилаҳои минбаъдаи рушди завод пешниҳод карда шуд.

    Кор оид ба татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа оғоз ёфт. Пешбинӣ шудааст, ки истеҳсоли зарфҳои ҳаҷмашон гуногуни ба фишори баланд тобовар ба роҳ монда шавад. Боз 500 ҷойи нави корӣ таъсис дода хоҳад шуд.

    Дар сурати ба иқтидори пурра расидани лоиҳа имконият пайдо мешавад, ки ба маблағи 121 миллион доллар маҳсулот истеҳсол карда шавад. Иқтидори содиротии корхона ба дараҷаи назаррас баланд мегардад.

    Президент инчунин бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ суҳбат кард.

    – Мақсад аз сафари имрӯзаи мо ба Бухоро беҳтар намудани зиндагии беш аз 2 миллион нафар сокинон, фароҳам овардани манбаъҳои даромад ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Дар бисёр ҷойҳои вилоят замин аз ҳад зиёд шӯр аст. Аз ин рӯ, мо на ба хоҷагии қишлоқ, балки ба саноат бештар эътибор медиҳем. Барои чӣ мо завод сохтем? Қаблан мо барои содироти ин гуна қубурҳо маблағи зиёд сарф мекардем. Бар замми ин имрӯз мо ба сохтмони объектҳои нав шурӯъ мекунем. Дар атрофи онҳо дигар корхонаҳо ва ҷойҳои корӣ пайдо мешаванд. Дар ниҳояти кор ба хонадони одамон равшанӣ, боварӣ ва умед меояд. Ин умед моро муттаҳид менамояд, – гуфт Президент.

    Дар саноати вилоят минтақаи озоди иқтисодии «Қарокӯл» нақши калон хоҳад бозид. Он дар асоси қарори дахлдори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13 августи соли 2021 ташкил шудааст. Майдони умумии он 566 гектар буда, аллакай 5 лоиҳаи калон ҷойгир карда шудааст. Баъди анҷом ёфтани ҳамаи марҳилаҳои татбиқи он миқдори умумии ҷойҳои корӣ қариб 3 ҳазорро ташкил хоҳад дод.


    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates