Қароқалпоқистон бо масоҳати бузург ва захираҳои ғании канданиҳои фоиданок иқтидори бузурги иқтисодӣ ва сармоягузориро соҳиб аст. Дар минтақа захираҳои канданиҳои гуногун, аз ҷумла, 270 миллион тонна семент, 256 миллион метри мукааб сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ, 200 миллион тонна оҳак, 31 миллион метри мукааб керамзит, 30 миллион метри мукааб реги сохтмонӣ, 27 миллион метри мукааб ашёи хоми хишт, 6,9 миллион тонна шиша, 6,5 миллион тонна гипс ва 4,3 миллион тонна захираи вермикулит муайян гардидааст.

Ҳамзамон, дурии масофаи байни шаҳру ноҳияҳо ва авулҳо аз ҳамдигар, истифодаи босамари бартариҳои нисбии ҳар як минтақа ва бо ҳисобу китоби дақиқ кор бурданро тақозо менамояд. Дар маҷмӯъ, дар ҷое, ки муҳити солим, шароити мусоид ва низоми одилонаву шаффоф мавҷуд аст, соҳибкор мехоҳад фаъолият барад ва сармоягузор низ маҳз чунин ҳудудро интихоб мекунад.

Дар тақдимот таъкид гардид, ки солҳои охир дар иқтисоди Қароқалпоқистон тағйироти назаррас ба даст омадааст. Аз ҷумла, 8 сол муқаддам иқтисоди минтақа аз рӯи ҳаҷми маҳсулот ба ҳар сари аҳолӣ дар зинаи охир қарор дошт ва ҳоло ба зинаи 7-ум баромадааст. Пештар танҳо 4 фоизи маҳсулоти саноатӣ содирот мешуд ва ҳоло ин нишондиҳанда ба 30 фоиз расидааст. Ҳаҷми умумии содирот нисбат ба соли 2016 дар умум 3,5 баробар афзуда, ба 2,1 миллиард доллар расидааст.

Дар панҷ соли оянда ба 102,5 триллион сӯм (дар соли 2025 54,3 триллион сӯм буд) ва ба ҳар сари аҳолӣ ба 51 миллион сӯм расонидани ҳаҷми иқтисоди минтақа, дар соҳаҳои саноат ва хидматҳо татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи 7,2 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.

Аҳамияти истифодаи ҳама имкониятҳо ҷиҳати ба 900 миллион доллар расонидани содироти саноат, хизматрасонӣ ва сайёҳӣ (дар соли 2025 ҷамъ 435 миллион доллар буд) таъкид гардид.

То охири соли ҷорӣ то 4,2 фоиз поин бурдани сатҳи бекорӣ, ба 3,2 фоиз расонидани сатҳи нодорӣ, инчунин, ба минтақаи бидуни бекорӣ ва камбизоатӣ табдил додани шаҳри Нуқус, ноҳияҳои Қӯнғирот ва Чимбой, ҳамзамон 109 маҳалла мақсад гузошта шудааст. Илова бар ин, вазифа гузошта шуд, ки дар ноҳияҳои Бӯзатов, Қонликӯл, Мӯйноқ ва Шуманай ва 90 маҳалла, ки ба тоифаи “вазнин” мансубанд, сатҳи нодорӣ ду баробар коҳиш дода шавад.

Дар тақдимот пешниҳод гардид, ки бо мақсади ҷалби сармоя ва рушди соҳибкорӣ, муҳлати имтиёзҳо, ки қаблан барои минтақа дода шуда буд, дароз карда шавад. Президент ин пешниҳодро дастгирӣ намуд.

Зикр гашт, ки 2,5 баробар зиёд кардани ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба Қароқалпоқистон (дар соли 2025 ҷамъ 3,5 миллиард доллар буд) дар назар аст.

Дар бораи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, ки барои минтақа таҳия гардидаанд, маълумот дода шуд.

Лоиҳаҳои дар ноҳияи Тахиатош таъсис додани маркази модулии ҳисоббарории интеллектуалӣ барои соҳаи зеҳни сунъӣ, дар шаҳри Нуқус бунёд намудани кластери технологӣ барои саноати автомобилсозӣ, ки ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ихтисосонида шудааст, роҳандозии истеҳсоли нахи базалт, истеҳсоли неруи барқ тавассути сӯзонидани партовҳо, дар ноҳияи Қораӯзак сохтмони фабрикаи ҷудо намудани тилло аз ангишт, дар ноҳияи Тахтакӯпир сохтмони фабрикаи тозакунии пахта ва ресандагӣ, дар ноҳияи Чимбой ташкили истеҳсоли наху калоба аз ин ҷумлаанд.

Дар бахши кишоварзӣ таъкид гардид, ки сатҳи истифодаи захираҳои замини мавҷуда дар Қароқалпоқистон ба имкониятҳои минтақа мутобиқ нест. Қайд карда шуд, ки танҳо 2,5 фоизи заминҳои мавҷуда кишт мегарданд ва 16 миллион гектари боқимонда қариб истифода намешаванд. Аз рӯйи дарёфти намуди зироатҳои нави ба иқлим мутобиқ, роҳандозии таҷрибаҳои илмӣ-амалии парвариши онҳо, инчунин, нигоҳубини зироатҳои ба камобӣ ва шӯрӣ тобовар, аз ҷумла гиёҳҳои доруворӣ барои саноати дорусозӣ дар майдонҳои васеъ ва афзоиши содироти онҳо вазифаҳо муайян шуданд.

Пешниҳод гардид, ки вазифаи муовини махсуси раиси Шӯрои Вазирон оид ба истифодаи босамари чарогоҳҳо ва рушди чорводорӣ таъсис дода шавад.

Ҷиҳати барқарорсозии 10 ҳазор гектар чарогоҳҳо дар соли ҷорӣ, мониторинги растаниҳо дар асоси зеҳни сунъӣ, саривақтӣ ошкор намудани бемориҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об вазифаҳо муқаррар карда шудаанд.

Имсол дар Қӯнғирот, Чимбой, Берунӣ, Бӯзатов ва Қонликӯл лоиҳаҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва бастабандии хӯроки чорво, дар ноҳияи Берунӣ агромаҷмааи муосир, ки соле 36 ҳазор тонна хӯроки чорво ва моҳӣ истеҳсол мекунад, мавриди истифода қарор мегиранд.

Зарурати ба яке аз драйверҳои асосии минтақа табдил додани сайёҳӣ таъкид гардид.

Дар ҳудуди кони намаки “Борса келмас” таҳти тамғаи “Оинаи Замин” минтақаи сайёҳӣ-рекреатсионӣ, дар минтақаи назди Арал ва платаи Устюрт дар нуқтаҳое, ки манзараи сайёраи Миррихро ба ёд меоранд, минтақаҳои глэмпинг таъсис дода мешаванд. Барои намоиши паёмадҳои хушкшавии баҳри Арал ба ҷомеаи ҷаҳонӣ Осорхонаи таърихи баҳри Арал кушода мешавад.

Дар пояи иҷрои ин чорабиниҳо вазифаи ҷалби 500 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ва 3 миллион сайёҳи маҳаллӣ ба Қароқалпоқистон дар соли ҷорӣ гузошта шуд. Барои баланд бардоштани ҷозибаи минтақа ба туроператорҳои маъруф имтиёзҳои иловагӣ дода мешаванд.

Қарор карда шуд, ки низоми нави дастгирии лоиҳаҳои зеҳнӣ ва стартапҳо аз Қароқалпоқистон оғоз шавад. Дар Маркази иҷтимоию иқтисодии ҷавонон таъсиси донишгоҳи IT ва технопарк барои стартапҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, барои рушди зеҳни сунъӣ 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, 10 баробар зиёд кардани имкониятҳои коркарди маълумот, маълумоти “абрӣ” ва марказҳои ҳисоббарорӣ дар назар аст. Супориш шуд, ки соли ҷорӣ ва солҳои оянда дар Қароқалпоқистон лоиҳаи 10 стартапро бо маблағи 1 миллион доллар оғоз намуда, барои ин мақсад ҳар сол аз Фонди илму фан ва инноватсия 30 миллиард сӯм ҷудо карда шавад.

Вазифа гузошта шуд, ки то охири соли 2027 дар Қӯнғирот Маркази логистикии Арал бо мақоми “бандари хушк”, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад, таъсис дода шавад.

Соли ҷорӣ барои лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Қароқалпоқистон равона кардани 150 миллиард сӯм ва барои беҳтарсозии таъминоти мутамаркази оби нӯшокӣ 2,2 триллион сӯм муқаррар гардид. Инчунин, барои лоиҳаҳои шабакаҳои оби нӯшокиву партовоб, иншооти тақсим ва тозакунии об ва сохтмони роҳҳо 200 миллион доллар сармоя ҷалб карда мешавад.

Дар анҷоми ҷамъомад Президент Шавкат Мирзиёев ба масъулон супориш дод, ки барои расидан ба нишондиҳандаҳои муайяншуда дар Қароқалпоқистон тамоми имконияту захираҳоро пурра сафарбар намуда, дар ҳар як ноҳия ва маҳалла корро бо ҳисобу китоби дақиқ ва мақсаднок ташкил кунанд ва натиҷаҳои амалии чорабиниҳоро ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ ҳарчи зудтар таъмин намоянд.