Дар пойтахти Қазоқистон бинои нави сафорати Ӯзбекистон ба истифода дода шуд

    Ҳукумат 6 Dekabr 2021 4765

    Дар рафти сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати кишварамон дар шаҳри Нур-Султон ба амал омад.

    Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Қасим-Жомарт Тоқаев лентаи рамзиро бурида, бинои нави намояндагии дипломатии кишварамонро тантанавӣ кушоданд. Мадҳияҳои давлатии ҳар ду садо доданд.

    Президентҳо бо шароити дар сафорат муҳайёгардида шинос шуданд.

    Бинои замонавӣ аз ҷониби бинокорони мамлакатамон комат рост кардааст. Биноҳо бо услуби миллӣ оро дода шудаанд.

    Дар ҳудуди намояндагии дипломатӣ бинои асосӣ, шӯъбаи консулӣ, бинои истиқоматӣ барои кормандон, қароргоҳи сарвари намояндагии дипломатӣ, майдончаҳои бачагона ва варзишӣ ҷойгиранд.

    Дар утоқҳои музокирот, толори конфронс шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

    Ба ташкили самарабахши раванди кор диққати махсус дода, технологияҳои иттилоотӣ васеъ ҷорӣ карда шудаанд. Таҷҳизоти интерактивӣ, ки дар ин ҷо насб шудааст, имкон медиҳад, ки гуфтушунидҳои онлайнӣ анҷом дода шаванд. Барои фаъолияти самарабхаши консулӣ низоми “навбати электронӣ” барқарор карда шудааст, ки ташрифоварандагон метавонанд иттилооти заруриро бо воситаҳои интерактивӣ гиранд.

    Барои одамони эҳтиёҷманд шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

    Хуллас, дар бинои нав ҳама чиз ба сифату самараи кор, боз ҳам вусъат додани ҳамкорӣ бо мамлакати бародар нигаронида шудааст.

    Шавкат Мирзиёев ва Қасим-Жомарт Тоқаев дар Китоби меҳмонони фахрии сафоратхона навиштаҷот гузоштанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates