Тибқи барномаи сафар музокироти сатҳи олӣ барои мавриди муҳокимаи  масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавӣ доир мегарданд.

Масъалаҳои асосии ҳамоиш амиқгардонии минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон,  густариши ҳаҷми савдои тарафайн, пешбурди лоиҳаҳои мутақобилан судманди кооператсияи саноатӣ, васеъ гардондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, идома додани мубодилаҳои фаъоли байниминтақавӣ ва фарҳангиву инсонпарварӣ мебошанд.

Аз ҷониби  сарони давлатҳо ба кор даровардани як қатор лоиҳаҳои бузурги муштараки сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст.  

Дар натиҷаи мулоқотҳо қабули бастаи устувори созишномаҳои дуҷониба оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории амалӣ дар назар аст.