Маросими ботантанаи мулоқоти расмии Президенти Қазоқистон баргузор шуд

    Ҳукумат 22 Dekabr 2022 4472

    Дар Маркази байналмилалии конгрессҳои шаҳри Тошканд маросими ботантанаи мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо сафари давлатӣ дар кишвари мо қарор дорад, баргузор гардид.

    Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Қосим-Жомарт Тоқаев ба минбари махсус баромаданд. Мадҳияҳои давлатии Ӯзбекистон ва Қазоқистон садо доданд.

    Фармондеҳи қисми Қаровули фахрӣ гузориш дод, баъд аз он сарони ду давлат сафро давр зада, хидматчиёни ҳарбии қаровулро истиқбол намуда, ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон эҳтиром гузоштанд.

    Баъд роҳбарон аъзои ҳайатҳои вакилони расмиро ба ҳамдигар шинос карданд.

    Пас аз аксбардории якҷоя сарони давлатҳо ба толор барои музокирот дар ҳайати маҳдуд гузаштанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates