Шартномаҳо дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ ва муайян кардани сарҳади давлатӣ имзо карда шуданд. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳо оид ба самтҳои гуногуни ҳамкорӣ қабул гардида, қарордодҳо ва созишномаҳо ба маблағи 8 миллиард доллар ба имзо расонида шуданд.

Дар маҷмӯъ, гуфтушунидҳои сарони давлатҳо доир ба доираи васеи рӯзнома ва аҳамияти тавофуқоти ҳосилшуда рӯйдоди таърихие гардиданд, ки дар муносибатҳои дуҷониба саҳифаи нав боз карданд.

Сафари давлатии раҳбари Қазоқистони бародарӣ ба анҷом расид. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олиқадрро Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев гусел кард.