Раҳбари Қазоқистон раҳбари Ўзбекистонро бо зодрӯзаш самимона табрик кард

    Ҳукумат 24 Iyul 2023 3466

    24 июл Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом доданд.

    Роҳбари Қазоқистон сарвари давлатамонро бо рӯзи таваллудаш самимона табрик гуфта, ба халқи бародари ӯзбек саломатӣ, бахту саодат ва муваффақиятҳои нав, инчунин сулҳу шукуфоӣ орзу намуд.

    Сарони давлатҳо ба масъалаҳои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои некҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ муфассал истода гузаштанд.

    Натиҷаҳои пурсамари ҷаласаҳои навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ дар шаҳри Тошканд ва Гурӯҳи муштараки корӣ дар шаҳри Остона бо қаноатмандӣ қайд карда шуданд.

    Аҳамияти идомаи талошҳои фаъол ҷиҳати афзоиши ҳаҷми муомилоти мол, пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтор, инчунин рушди табодули башардӯстона тавассути чорабиниҳои мунтазами муштараки фарҳангӣ таъкид гардид.

    Доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифта, ҷадвали мулоқотҳои дар сатҳи олӣ дарпешистода баррасӣ шуд.

    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates