Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон меояд

    Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев 14–16 ноябр бо сафари давлатӣ ба мамлакати мо меояд.

    Тибқи барномаи сафар, баргузории музокироти сатҳи олӣ ва ҷамъомади дувуми Шӯрои олии байнидавлатӣ таҳти раёсати роҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар назар аст.

    Мавзӯи асосии рӯзнома таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои устувор, чун савдо, саноат, нақлиёт ва логистика, энергетика, кишоварзӣ, захираҳои об ва лоиҳаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ мебошад.

    Аз рӯйи масъалаҳои мубрами сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ дар доираи форматҳои бисёрҷониба табодули афкор хоҳанд кард.

    Имзои бастаи ҳуҷҷатҳо аз рӯйи ба кор даровардани Маркази ҳамкории саноатии байналмилалӣ ва як қатор лоиҳаҳои муштарак, таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқӣ миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар назар аст.

    Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон инчунин дар мулоқоти ҳафтуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок хоҳад кард.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates