Лоиҳаҳои сохтмони як қатор объектҳо баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 7 Fevral 2022 6651

    Президент Шавкат Мирзиёев 7 феврал бо тақдимоти лоиҳаҳо дар соҳаи сохтмон шинос шуд.

    Тавре маълум аст, сохтмони маҷмӯи нави Имом Бухорӣ дар вилояти Самарқанд идома дорад, ки корҳо дар ин бобат моҳи Рамазони соли гузашта оғоз шуда буданд. Чорчӯбаҳои иншоот бардошта шуданд, ба наздикӣ корҳои пардоздиҳӣ оғоз меёбанд.

    Дар маросими тақдимот эскизҳои тарҳи дохилӣ ва берунии маҷмӯъ баррасӣ шуданд. Ҳамин тавр, аз нақшу нигори миллӣ ва сангҳои ороишӣ истифода хоҳанд шуд. Мақбараи Имом Бухорӣ бо кандакорӣ ва навиштаҷоти хаттӣ оро дода мешавад. Дар девор сураҳо аз Қуръон ва ҳадис навишта мешаванд. Дар корҳои пардоздиҳӣ асосан тобишҳои равшан, сояҳои гарми рангҳо истифода мешаванд.

    Дар вилояти Хоразм низ корҳои азими бунёдкорона ба ҷо оварда мешаванд. Аз ҷумла, дар шаҳри Урганҷ бунёди мавзеи Ал-Хоразмӣ дар назар аст, ки дар он донишгоҳ, мактаб ва кӯдакистон, марказҳои илмию фарҳангӣ, маҷмӯи варзишӣ бунёд хоҳанд шуд. Дар маркази мавзеъ майдони ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ бо хайкали нави олими бузург гузошта мешавад.

    Дар Урганч низ маҷмӯи Ҷалолиддини Мангубердӣ сохта мешавад. Дар айни ҳол ҳайкали бошукуҳи сарлашкари диловар гузошта шудааст. Қариб 8 гектар майдони атроф обод гардонда мешавад.

    Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ин ҷо қасри санъат барои ҳазор ҷойи нишаст бунёд карда, дар он барои ҳифз, омӯхтан ва паҳн кардани анъанаҳои санъати лазгии Хоразм шароити муосир фароҳам оварда мешавад.

    Мувофиқи қарори Президент “Дар бораи чораҳо оид ба ташкили низоми сифатан нави тайёркунии кадрҳо дар соҳаи тибби ҳарбӣ” аз 22 октябри соли 2020 Академияи ҳарбию тиббии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуд.

    Бо қарор вазифаҳои сохтмони биноҳои нав ва беҳтар намудани базаи таълимию моддии академияи мазкур муайян карда шуданд. Зимни муаррифӣ аз лоиҳаҳои дахлдор маълумот дода шуд. Ҳамин тавр, сохтмони биноҳои таълимию табобатӣ, хобгоҳ, хонаи хидматӣ, таъмири биноҳои мавҷуда, ободонии ҳудуд пешбинӣ шудааст.

    Президент оид ба такмил додан ва хушсифат анҷом додани лоиҳаҳо супоришот дод.

    Давлат ба рушди варзиш, фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Ба ин манзур дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд бунёди Шаҳраки олимпӣ дар назар аст. Дар шаҳраки дорои масоҳати 160 гектар тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла варзишгоҳи универсалӣ, маҷмӯъҳои кушоду пӯшидаи варзишӣ, манзилҳо, меҳмонхонаҳо ва маҷмӯи қаиқронӣ дар дарёи Чирчиқ бунёд мегарданд. Объектҳои мазкур барои баргузории мусобиқаҳои калон истифода мешаванд, инчунин барои ояндаи Донишкадаи захираҳои олимпӣ пойгоҳи таълимиву машқӣ хоҳанд шуд.

    Дар кишвар барои рушди сайёҳӣ шароити васеъ фароҳам оварда мешавад. Аз он ҷумла, минтақаи сайёҳиву фароғатии “Чорбоғ” дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд ташкил карда мешавад. Ба Президент дар бораи лоиҳа маълумот дода шуд.

    Ҳамин тариқ, дар наздикии обанбори Чорбоғ ва соҳили дарёи Чирчиқ иншооти экотуризм ташкил карда мешавад. Пеш аз ҳама ташкили низоми нақлиётии қулай пешбинӣ шудааст. Дар минтақаҳои “Чорвоқ Дарвозаси” ва “Юсуфхона” минтақаҳои истироҳатӣ, дар Хӯҷакенти Ҷанубӣ дехаи анъанавии кӯҳистон пайдо мешаванд. Ба муҳофизати табиати хушманзараю релефи ҷойҳо диққати махсус дода мешавад. Боғҳо, майдончаҳои истироҳат, роҳҳои велосипедронӣ ташкил карда мешаванд. Татбиқи ҳамин гуна лоиҳа дар ҳудуди Чимгон ба нақша гирифта шудааст.

    Сарвари давлат барои мардум дастрас будани ин маҷмӯъҳоро қайд намуда, вазифаи ба роҳ мондани хидматҳои арзону қулайро гузошт. Инчунин, консепсияи лоиҳавии васеъ гардондани шаҳри Тошканд аз ҳисоби ҳудудҳои атроф, бо инфрасохтор ва алоқаи нақлиёт таъмин намудани мавзеъҳои навсохташаванда баррасӣ шуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates