Ҳоло ин лоиҳаи аграрӣ дар якчанд марҳала ба амал татбиқ мегардад. Дар ду соли аввал дар 450 гектар боғҳои интенсив ба вуҷуд оварда шуда, обгузории чакрагӣ ҷорӣ гардида буд. Гелос ва шафтолуи ба содирот муқарраргардида дар солҳои наздик ҳосил хоҳанд дод.
Зимни сафари кунунӣ Президент бо боғи корхонаи муштараки «Uz-Segang» шинос гардид. Бо мушкилот ва таклифҳои соҳибкор таваҷҷуҳ намуд.
Барои корхона қариб 2000 гектар замин дар ноҳияи Қува ва 1,6 ҳазор гектар дар шаҳри Қувасой ҷудо карда шудааст.
Дар ду соли наздик дар ин заминҳои дубораазхудгардида боз 980 гектар боғи интенсив ба вуҷуд оварда мешавад. Инчунин марказҳои экотуризм ва логистика ба роҳ андохта мешавад. Аз ҳама муҳимаш, боз 200 ҷойи доимии кор ва 3 ҳазор ҷойи кори мавсимӣ ба вуҷуд меояд.
Соли гузашта корхона аз хоҷагиҳои фермерӣ ва хоҷагиҳои ҳавлӣ 1,7 ҳазор тонна гелос, шафтолу ва анор ҷамъоварӣ намуда, ба миқдори беш аз 5 миллион доллар маҳсулотро содир намуд. Соли ҷорӣ мақсади то 15 миллион доллар расондани содирот гузошта шудааст.
Корхона бо парвариш ва содироти мева маҳдуд намегардад. Аз Италия, Туркия, Куриёи Ҷанубӣ ва Чин технологияи пешқадам татбиқ гардида, нигоҳдорӣ, азнавкоркард ва зарфбандии маҳсулот корбаст шудааст.
Президент ногузирии афзудани миқдори чунин лоиҳаҳоро таъкид карда, изҳор намуд, ки ҳама гуна чунин пешниҳодотро дастгирӣ хоҳад кард.
Рӯнамоии маҳсулоти соҳаи агросаноат дар ҳамин ҷо баргузор гардид. Нақшаҳои ояндаи соҳа намоиш дода шуд.
Дар вилоят 48 ҳазору 300 гектар боғзор ва токзор мавҷуд аст, ки аз он 3 ҳазору 400 гектарашро боғҳои интенсив ташкил медиҳанд. Дар чор соли охир 6,4 ҳазор гектар боғ ва 2,9 ҳазор гектар токзор ташкил карда шуд. Инчунин дар 1400 гектар низоми обёрии қатра татбиқ гардид.
Соли ҷорӣ боз 3,4 ҳазор гектар боғи интенсив ва токзор ташкил гардида, инчунин 2,4 ҳазор ҷойи кор фароҳам оварда мешавад.
Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Фарғона ба поён расид.












