Ҳамкориҳои байни Прокуратураҳои генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон густариш меёбанд

    1 ноябр муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Светлана Ортиқова бо ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти роҳбарии сардори Маркази илмию таълимӣ Мубариз Ахмедов вохӯрд.

    Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои байниидоравӣ, инчунин самтҳои ояндадори рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи тайёр кардан ва такмили ихтисоси кадрҳои прокурориро баррасӣ намуданд.

    Натиҷаи муколамаи судманд аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таълими байниидоравӣ ба имзо расидани Ёддошти ҳамкорӣ байни Академияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази илмию таълимии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон буд.

    Илова бар ин, тибқи барномаи буду боши ҳайат дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади татбиқи Барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии ду кишвар барои солҳои 2022-2023 (Боку, 01.01.2021) “мизи мудаввар” таҳти мавзӯи: «Таҳкими иктидор барои хамкории самарабахши фаромарзӣ дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ» ташкил карда шуд.

    Дар ин бобат телеграмм-канали Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ўзбекистон хабар медиҳад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates