Ҳамкорӣ байни вилояти Сирдарё ва музофоти Шэнсии Хитой вусъат меёбад

    Ҳайати Ӯзбекистон бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Сирдарё Акмалҷон Маҳмудалиев дар шаҳри Янлин (музофоти Шэнсии Чин) дар бизнес-форуми ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии “Шанси – Сирдарё” ширкат варзиданд.

    Дар форум оид ба рушди замонавии Ӯзбекистон, ислоҳоти куллие, ки дар тамоми соҳаҳои кишварамон татбиқ мегарданд, шароити мусоид барои тиҷорат, кафолат, имтиёз ва сабукиҳои барои сармоягузорони хориҷӣ дар вилояти Сирдарё фароҳам овардашуда маълумот дода шуд

    Инчунин вохӯриҳои G2B ташкил карда шуда, пешниҳодҳои судманд баррасӣ гардиданд. Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо аз густариши муносибатҳои амалӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, инноватсия, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва ғайра баробар манфиатдоранд.

    Масъалаҳои имкониятҳои нав, ғанӣ гардонидани ҳамкориҳо бо ташаббусу лоиҳаҳои истиқболкунанда ба таври муфассал баррасӣ шуданд, хабар медиҳад АИ "Дунё".

    Бинобар ҷамъбасти форум байни ширкати ҳамкории байналмилалии Ялин дар соҳаи кишоварзии замонавӣ ва Парки саноатии "Пэн Шен" дар вилояти Сирдарё оид ба ҷалби сармоя барои истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва кишоварзӣ, инчунин байни Донишгоҳи давлатии Гулистон ва Донишгоҳи технологияи касбии Ялин созишнома имзо шуда, дар бораи ҳамкории сеҷониба байни вилояти Сирдарё, ширкати «Вэнчжоу Синшен»-и Чин ва ширкати фаромарзии логистикии Ялин дар соҳаи ҳамкории байналмилалӣ созишноиа ба даст омад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates