Тавре маълум аст, 30 январи соли ҷорӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҷамъияти саҳомии «Ӯзбекнефтегаз», зиёд намудани захираҳои карбогидридҳо ва рушди соҳа дар асоси технологияҳои муосир вазифаҳои афзалиятнок муайян гардида буданд. 23 феврал рафти ибтидоии иҷрои ин супоришҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастурҳои иловагӣ дода шуда буданд.

Дар маросими тақдимоти имрӯза раванди татбиқи ин чораҳо бори дигар таҳлил гардид.

Ҳамчунин, ба чораҳо оид ба васеъ намудани корҳои геологӣ-иктишофӣ, ошкор намудани конҳои нави нафту газ, баланд бардоштани самаранокии чоҳҳои амалкунанда ва таъмини устувории ҳаҷми истихроҷ диққати ҷудогона дода шуд.

Маълумоти роҳбарони соҳа нишон медиҳад, ки аз аввали соли ҷорӣ корҳои иктишофии сейсмикии 3D дар масоҳати 471 километри мураббаъ анҷом дода, 11 чоҳи нав ба истифода дода шуданд, дар 20 чоҳ корҳои таъмирӣ гузаронида шуда, инчунин 5 чорабинии технологӣ амалӣ гардидааст.

Ҳамчунин, ба баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ дар соҳа, оптимизатсияи хароҷоти корхонаҳо ва таҳкими устувории молиявии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат ба масъулон супориш дод, ки таъмини иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва чораҳои пешбинишударо дар асоси ҳисобу китобҳои дақиқ ва интизоми қатъӣ идома диҳанд.