Тибқи иттилои Агентии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои ҳифзи объектҳои таърихӣ дар Қонун “Дар бораи реклама” моддаи 20-ум ҳаст, ки он ҷойгиркунии рекламаҳоро дар объектҳои мероси моддии фарҳангӣ ва як қатор объектҳои дигар бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои таърихие, ки дар тӯли садҳо асрҳо аз насл ба насл гузаштааст, манъ мекунад.
Инчунин, мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон “Дар бораи танзими бозори рекламаи берунӣ” № 104 аз 20 феврали соли 2020 объектҳои таъиноти фарҳангиву таърихӣ ба минтақаи аз реклама озод дохил мегарданд, ва дар масофаи 50 метр ва камтар аз ин майдонҳо сохтани объектҳои (иншооти) рекламаи беруна ичозат дода намешавад.
Аммо дар натиҷаи омӯзиши Агентии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони назди АКО-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон қонуншиканиҳо ошкор карда шуданд. Агентӣ оид ба ҷойгиркунии рекламаи беруна дар 386 объекти мероси моддию фарҳангӣ дар саросари ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронидааст. Тибқи натиҷаҳо беш аз 25 ҳолати беиҷозат овехтани таблиғ дар объектҳои таърихӣ ошкор шудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки вайронкуниҳои ошкоршуда зуд бартараф карда шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот аз ҷониби агентӣ ба субъектҳо ва соҳибкороне, ки қонуншиканӣ кардаанд, мактубҳои огоҳкунанда ирсол намуда, оид ба тартиби гузоштани рекламаи беруна шарҳҳои дахлдор дода шуданд.
Дар хотир бояд дошт, ки ба мероси моддии фарҳангӣ зарар расондан мумкин нест. Агар шумо шоҳиди чунин қонуншиканӣ шуда бошед, метавонед дар ин бора тавассути рақами кӯтоҳи 1159 ё тавассути телеграм боти bexato_reklama.bot ба Агентии ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони назди АКО-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар диҳед.