Демократия ва ҳуқуқи инсон ҳамчун омилҳои рушди устувор

    23 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи иқтисодёти ҷаҳонӣ ва дипломатия суҳбати "мизи мудаввар"-и байналмилалӣ дар мавзӯи «Демократия ва ҳуқуқи инсон ҳамчун омилҳои рушди устувор» баргузор гардид.

    Ташкилкунандагон – Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Ӯзбекистон ва Донишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дипломатия буданд.

    Дар чорабинӣ сенаторон, Намояндаи доимии БР СММ дар Ӯзбекистон Матильда Димовски, аъзои ҳайати Парлумони Аврупо таҳти сарварии раиси Кумитаи корҳои хориҷии Парлумони Аврупо Дэвид Макаллистер, намояндагони вазорату идораҳои кишвар, инчунин коршиносони созмонҳои байналмилалӣ, олимону муҳаққиқони аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмии хориҷӣ, ҳайати омӯзгорон, магистрантҳо ва донишҷӯёни ДИҶД иштирок карданд.

    Дар рафти «мизи мудаввар» масъалаҳои тарғибу ташвиқ, ҳифз ва риояи ҳуқуқи инсон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Муовини якуми Раиси Сенати Олий Маҷлис, ректори ДИҶД Содиқ Сафоев чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар Ӯзбекистон масъалаҳои рағбатноксозӣ, ҳифз ва риояи ҳуқуқи инсон яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.

    Таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон дар кишвар маҳаки асосии ислоҳоти демократӣ гардид, ки ба фароҳам овардани шароити зиндагии мусоиду фаровон барои халқ нигаронда шудааст.

    Стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ба таври мунтазам ва зина ба зина дар қонунгузории миллӣ ва амалияи татбиқи қонун ҷорӣ карда мешаванд. Дар айни ҳол меъёрҳои беш аз 80 ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодии инсон, ки Ўзбекистон ратификатсия кардааст, дар қонунгузории миллӣ инъикос ёфтаанд.

    Иштирокчиёни хориҷӣ дар баромадҳои худ ба равандҳои ислоҳот дар ҷумҳурӣ, ки таҳти роҳбарии Президент Ш.Мирзиёев амалӣ гардидаанд, инчунин сиёсати ошкоро, пайгирона ва прагматикии хориҷии роҳбари Ӯзбекистонро, ки ба рушди босуръати мақоми байналмилалии кишвар мусоидат мекунад, баҳои баланд доданд.

    Дар рафти суҳбати "мизи мудаввар" доир ба вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ӯзбекистон, омилҳои рушди устувор маърӯзаву баромадҳо шунида шуданд.

    Чораҳо оид ба такмил додани қонунгузорӣ бо назардошти самтҳои устувори рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, андозаҳои умумэътирофшудаи байналмилалӣ, ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, тавсияҳои мақомоти оинномавӣ ва кумитаҳои шартномавии СММ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Таваҷҷуҳ ба масъалаҳои таъмини самаранокии институтҳо ва сиёсати демократӣ ҳамчун катализатори рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон тавассути институтҳои ҷомеаи қавии шаҳрвандӣ, ки ба баробарӣ ва фарогирӣ асос ёфтааст, нигаронда шудааст.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates