Дар ин чорабинӣ вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), роҳбарият ва сохторҳои СҲИ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои мубрами рӯзномаи СҲИ баррасӣ гардида, Эъломияи Истанбул қабул карда шуд.
Ин рӯйдод боз як бори дигар нақши афзояндаи Ӯзбекистонро дар дипломатияи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъкид намуд ва садоқати кишварро ба принсипҳои бисёрҷониба, ҳамбастагии исломӣ ва ҳифзи озодиҳои асосӣ нишон дод. Илова бар ин, он як марҳалаи муҳим дар ҳамкории Ӯзбекистон бо ниҳодҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад ва гувоҳи эътимоди кишварҳои узви ТҲИ ба ислоҳоти дар кишвар ҷараёндошта мебошад.
Комиссияи мустақили доимӣ оид ба ҳуқуқи инсон (КМДҲИ) ниҳоди асосии тахассусии СҲИ дар соҳаи ҳуқуқи инсон аст. Ин Комиссия соли 2011 таъсис ёфта, аз 18 узв иборат мебошад, ки барои муҳлати се сол интихоб мешаванд. Комиссия СҲИ-ро дар масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳо, густариши ҳуқуқу имкониятҳои занон, таҳаммулпазирии динӣ ва чолишҳои башардӯстона машварат медиҳад.
КМДҲИ дар фаъолияти худ ба Оинномаи СҲИ ва Эъломияи Қоҳира оид ба ҳуқуқи инсон такя намуда, барои ҳамоҳангсозии арзишҳои исломӣ бо меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон саъй менамояд.
Дар давраи солҳои 2018–2021 намояндаи Ӯзбекистон, директори Маркази миллии ҳуқуқи инсон, академик Акмал Саидов бори аввал узви Комиссияи мустақили доимӣ оид ба ҳуқуқи инсон (КМДҲИ) интихоб шуда буд. Соли 2019 вай раёсати ин Комиссияро ба уҳда дошт ва ҳамон сол дар шаҳри Тошканд Семинари шашуми солонаи КМДҲИ баргузор гардид, ки ба ҳуқуқи ҷавонон бахшида шуда буд.
Мирзатилло Тиллабоев, ки вазифаи муовини аввали директори Маркази миллии ҳуқуқи инсонро ба уҳда дорад, дар таҳия ва татбиқи Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон, ҳамоҳангсозии рушди таҳсилот дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нақши калидӣ бозидааст. Интихоби ӯ ба ҳайси узви КМДҲИ ҳамзамон эътирофи таҷрибаи касбии ӯ ва як имконияти стратегӣ барои Ӯзбекистон дар пешниҳоди таҷрибаи миллӣ дар сатҳи ҷаҳони ислом ва саҳмгузорӣ дар ташаккули рӯзномаи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.
Тибқи қатъномаи иҷлосияи 51-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти КМДҲИ муайян карда шуданд. Онҳо ҳифзи ҳуқуқи мардуми Фаластин, мубориза бо исломофобия, пешбурди ҳуқуқи занону кӯдакон, таъмини таҳаммулпазирии динӣ ва вокуниши башардӯстона ба рӯйдодҳои ҷаҳониро дар бар мегиранд.
Ба масъалаи танзими ҳуқуқии технологияҳои нав таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Эъломияи Ҷидда оид ба принсипҳои танзими зеҳни сунъӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон қабул шуд, ки он аввалин санади дорои чунин муҳтаво дар ҷаҳони ислом ба ҳисоб меравад.
Дар қатънома инчунин баргузории Форуми IV-уми Самарқанд оид ба ҳуқуқи инсон, ки моҳи июни соли 2024 бо ташаббуси Ӯзбекистон доир гардида буд, аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳим номбар шудааст. Ин воқеа саҳми Ӯзбекистонро дар пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъкид мекунад.
Узвияти Ӯзбекистон дар Комиссия ба минтақаи Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки саҳми арзандаи худро ба фаъолияти ин ниҳод гузорад. Инчунин, имкониятҳои нав барои тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои узви СҲИ дар самтҳои такмили қонунгузорӣ, рушди институтсионалӣ, идоракунии инсонмеҳвар ва таҳсилот ба вуҷуд меояд. Ӯзбекистон ҳамчун узви комилҳуқуқи КМДҲИ минбари қавитаре барои пешбурди ташаббусҳои муҳими ҳуқуқи инсон ва муколамаи созандае, ки бар арзишҳои умумӣ асос ёфтааст, пайдо мекунад.
Хидмати матбуоти Маркази миллииҶумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон.









