Афсона дар бораи фоидаи айнак барои кор дар компютер аз байн рафт

    Тандурустӣ 25 Dekabr 2023 2264

    Афсона дар бораи фоидаи филтри зард дар линзаҳои айнакҳои махсус барои кор дар компютер аз ҷониби офталмологҳо рад карда шудааст.

    Мутахассисон қайд карданд, ки чунин линзаҳо танҳо метавонад миқдори кабудро кам карда, контрасти тасвирро зиёд ва экранро қобили хондан гардонад, хабар медиҳад "Мир24".

    Манфиатҳои ин айнак, ба гуфтаи табибон, собит нашудааст. Агар барои шахс онҳо бароҳат бошад, пас онҳо метавонанд айнакро андозанд, аммо 100 фоиз какфолат нест, ки онҳо фишори чашмро аз компютер сабук мекунанд.

    Духтурон бар ин боваранд, ки роҳи аз ҳама самаранок анҷом додани машқҳо барои мушакҳои чашм аст. Коршиносон инчунин маслиҳат медиҳанд, ки спектри кабудро дар танзимоти компютери худ кам кунед ва фазои кории худро дуруст ташкил кунед.