Минтақаҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ мекунанд

    Ҳайати Консулгарии генералии Ӯзбекистон ҷиҳати баррасии масъалаҳои ташкили муҳоҷирати меҳнатии бехатар, ботартиб ва қонунии ҳамватанон ба вилояти Атирау (Қазоқистон) сафари корӣ анҷом дод.

    Бино ба иттилои намояндагии дипломатӣ, дипломатҳо дар ҷаласаи омодагӣ ба корҳои баҳории кишоварзӣ, ки таҳти роҳбарии муовини аввали раиси вилояти Атирау Серик Айдарбеков баргузор шуд, иштирок намуданд.

    Дар чорабинӣ ҳамчунин ҳокимони ноҳияҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳукумати вилоят, пулиси муҳоҷират, хадамоти сарҳадӣ, инчунин роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии минтақа иштирок доштанд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Намояндагони Консулгарии генералӣ дар бораи тартиби қабули муташаккилона ва ҷалби шаҳрвандони Ӯзбекистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ, ки аз ҷониби Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷии назди Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии кишвар амалӣ карда мешавад, муфассал суханронӣ карданд.

    Дар натиҷаи сафар оид ба барқарор намудани робитаҳои корӣ ва ҳамкориҳо тавофуқ ҳосил шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates