Дар ин бора агентии Reuters бо истинод ба манбаъҳои худ хабар медиҳад.

Тибқи иттилои агентӣ, муташанниҷӣ атрофи Гренландия пас аз мусоҳибаи муовини роҳбари маъмурияти президент Стивен Миллер бо шабакаи телевизионии CNN аз 5 январ шиддат гирифт. Ба саволи мустақим дар бораи эҳтимоли ишғоли ҷазира бо роҳи зӯрӣ, ҷаноби Миллер посухи мушаххас надод. Пас аз ин, ба навиштаи Reuters, худи Доналд Трамп ва аъзои маъмурияти ӯ бештар дар бораи эҳтимоли истифодаи қувва нисбат ба Гренландия изҳороти ошкоро карданд.

Намояндагони ҳар ду ҳизби сиёсӣ дар ИМА низ нигаронӣ изҳор намуданд, ки ҷаноби Трамп метавонад бидуни мувофиқа бо Конгресс дар Гренландия амалиёти низомие монанд ба амалиёт дар Венесуэла анҷом диҳад. Қонунгузорон мавқеи худро дар ин масъала бо котиби давлатӣ Марко Рубио ва дигар мансабдорони Кохи сафед дар миён гузоштанд. Ба иттилои Reuters, ҷумҳурихоҳон маъмурияти Доналд Трампро ҳушдор додаанд, ки дар сурати ҳамлаи низомии ИМА ба Гренландия, эҳтимоли эълони импичмент ба президент вуҷуд дорад.

Президенти Амрико борҳо таъкид кардааст, ки Гренландия барои таъмини амнияти миллии ИМА зарур аст. Ба гуфтаи Доналд Трамп, дар акси ҳол, ин ҷазира метавонад зери назорати Русия ё Чин қарор гирад. 22 январ дар ҷараёни музокирот бо дабири кулли НАТО Марк Рютте, ҷаноби Трамп оид ба нақшаи марбут ба Гренландия ба тавофуқ расид, аммо ҷузъиёти он ба таври оммавӣ ифшо нашуданд. Тибқи маълумоти Axios, ин созиш ба ИМА имкон медиҳад ҳузури низомии худро дар ҷазира тақвият диҳад. Илова бар ин, Иёлоти Муттаҳида метавонад дар истихроҷи захираҳои табиии Гренландия имтиёзҳо ба даст оварад, менависад kommersant.ru.