Зимни сафар оид ба рушди минбаъдаи кори Марказ, омӯзиши фаъолияти муассисаҳои тиббии пешрафтаи Туркия, инчунин роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо онҳо гуфтушунид сурат гирифт.

Гурӯҳи корӣ фаъолияти муассисаҳои варзишии “Acıbadem Sports”, “Romatem”, “Doctor Club”, “Turan & Turan”, “Liv Hospital”, инчунин факултети тиббии Донишгоҳи Истамбулро бодиққат омӯхтааст. Масъалаҳои табодули таҷриба, табобат, ба роҳ мондани ҳамкории зичи байни созмонҳо дар нақшаи илмию методӣ бо роҳбарони муассисаҳо баррасӣ шуданд.