Робот-дирижёр дар консерт дар Сеул бомуваффақият баромад кард

    Робот-андроид EveR 6 дар консерти оркестри миллии Кореяи Ҷанубӣ дар Сеул ба ҳайси дирижёр баромад кард. Бино ба хабари агентии Рейтер, дебют тамошобинонро шод кард.

    Андроиди дудаст, ки аз ҷониби олимони Донишкадаи технологияи саноатии Корея сохта шудааст, дар театри миллии кишвар ҳамроҳ бо навозандагони варзида консерт баргузор кард. Намоиш аввалин ҳодисаи намоиши қобилиятҳои зеҳни сунъӣ дар Корея буд, хабар медиҳад Mир24.

    EveR 6 пеш аз саршавӣ ба тамошобинон таъзим карда, чанд маротиба дастҳояшро ҷунбонд ва дар рафти намоиш аз панҷ порчаи консертӣ ба сетоаш дирижёрӣ кард.

    "Ҳаракатҳо хеле муфассал буданд. Робот тавонист ҳаракатҳои дирижёрро назар ба интизорӣ хеле беҳтар такрор кунад”, - гуфт директори консерт Чхве Су Ён.

    Ҳамзамон, Чхве Су Ёнг "гӯш карда натавонситан"-ро сустии интиқодии андроид номид. Бо вуҷуди ин, ӯ дар хотима гуфт, ки роботҳо ва одамон "метавонанд якҷоя зиндагӣ кунанд ва ҳамдигарро пурра кунанд".

    Муҳаққиқи мусиқии анъанавии Корея Ли Ён Чжу қайд кард, ки EveR 6 гарчанде барои нигоҳ доштани ритми мусиқӣ муваффақ шуда бошад ҳам, қобилияти омода кардани оркестрро барои ҳамкории фаврии коллективӣ надорад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates