Президенти Русия раҳбари Ӯзбекистонро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик кард

    Ҳукумат 25 Oktabr 2021 2940

    25 октябр мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сурат гирифт.

    Президенти Русия сарвари давлатамонро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи президентии охирин гарму ҷӯшон табрик кард ва инчунин аз самими қалб ба мардуми дӯсти Ӯзбекистон комёбиҳои бузург ва беҳбудӣ, шукуфоӣ таманно кард.

    Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқ баррасӣ шуданд. Ҷадвали вохӯриҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ шуд.

    Ба густариши ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ, аз ҷумла омодасозии лоиҳаҳои ояндадор ва барномаҳои ҳамкорӣ дар рафти ҷаласаи қарибулвуқӯъи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ таваҷҷӯҳи махсус дода шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates