Раҳбари Русия сарвари давлати моро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихобот самимона табрик гуфт.

Махсусан қайд карда шуд, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ бори дигар дастгирии васеи халқро аз рафти дигаргунсозиҳои калон дар Ӯзбекистон, ки ба рушди минбаъдаи динамикии мамлакат, мустаҳкам намудани нуфузи байналхалқии он, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон нигаронида шудааст, нишон дод.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба баррасӣ шуданд.

Роҳбарон ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нигоҳ доштани динамикаи гардиши мол ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории саноатӣ алоҳида таваҷҷуҳ карданд.

Сарони давлатҳо рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи тиҷорат ва минтақаҳо, идомаи табодули фаъоли башардӯстонаро зикр карда гузаштанд.

Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.