"Дар пайи муҳокимаи аъзои ситоди оперативӣ тасмим гирифта шуд, ки аз 14 июни соли 2022 маҳдудиятҳои эпидемиологӣ барои вуруди шаҳрвандони хориҷие, ки тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва инчунин тавассути гузаргоҳҳои баҳрӣ вориди Русия мешаванд, бекор карда шавад", — омадааст дар хабарнома.

Ба ғайр аз ин, ситоди оперативӣ қарор қабул кард, ки аз 14 июн ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан бинобар хатсайри “Тошканд – Самара” ва “Тошканд – Волгоград” бинобар ҳар як хатсайр ҳафтае як маротиба аз нав барқарор карда шавад.  Маҳдудиятҳо барои вуруди шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Русия тавассути роҳи оҳан бекор карда  мешаванд.

Ҳол он ки, чӣ хеле ки "Ӯзбекистон темир йӯллари" хабар медиҳад, дар айни ҳол маъмуриятҳои роҳи оҳани ду давлат рӯи ин масъала, яъне ташкили раванд, таҳияи ҷадвали ҳаракати қатораҳои мусофирбар, ирсоли паёмҳо, сиёсати нархгузорӣ ва як қатор масъалаҳои дигари зарурӣ кор бурда истодаанд.

Хабар дар бораи таъини ҳаракатҳо ба Федератсияи Русия ва бозгашт дарҳол пас аз коркарди ҳама масъалаҳо нашр мешавад.