Муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач дар ин ҳамоиш аз нақшаи маҳаллисозии тавлиди мошинҳои барқӣ хабар дод. Ба гуфтаи вай, ширкатҳои ӯзбекистонӣ ба роҳандозии васоили густурдаи "Атом" ва баъдан ба таври комил маҳаллисозии тавлиди мошини барқӣ дар кишварашон манфиатдор ҳастанд, хабар медиҳад нашрияи "Вечерняя Казан".
Д.Волвач инчунин мошини Тотористонро «автомобили пешрав ва хушсифати барқӣ» тавсиф кард.
Ширкати «Кама», ки мошини барқӣ истеҳсол мекунад, аз ҷониби роҳбари "КамАЗ" Сергей Когогин таъсис ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки "КамАЗ" бо Ӯзбекистон, аз ҷумла дар соҳаи таълим ва ҷалби кадрҳо фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
4 октябр дар Қазон Форуми III ҳамкориҳои байниминтақавии Ӯзбекистон ва Русия баргузор шуд.