Бонк ВТБ-и Русия ба Ўзбекистон интиқоли пулро аз рӯи рақами телефон ба роҳ мемонад

    Молия 21 Iyul 2022 2438

    Бонки ВТБ-и Русия тирамоҳ лоиҳаи озмоишии интиқоли фаромарзии пули шахсони воқеиро тавассути Низоми пардохти зуд ба роҳ мемонад.

    «Хизмати нав фиристодани пулро ба кишварҳои ҳамсоя тавассути рақами телефон пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин, муштариёни ВТБ метавонанд бо истифода аз рақами корти худ ба кишварҳои ҳамсоя маблағ интиқол диҳанд», - гуфт муовини президент ва раиси Раёсати ВТБ Анатолий Печатников.

    ВТБ лоиҳаи озмоиширо барои интиқоли фаромарзӣ тавассути Системаи пардохти зуд оғоз мекунад. Технология имкон медиҳад, ки бо истифода аз рақами телефон маблағ ба суратҳисоби дар кишварҳои шарик кушодашуда интиқол дода шавад. Барои фиристодани пул, ба ВТБ Online ворид шуда, дохил кардани рақами телефони гиранда ва интихоби бонкро, ки ба корти он интиқол дода мешавад, кифоя аст.

    Озмоиши хидмати нави интиқоли фаромарзӣ дар ВТБ тирамоҳ оғоз мешавад ва технология то охири сол дастраси муштариёни бонк мешавад. Дар марҳилаи аввал тавассути Системаи пардохти зуд ба кишварҳои ИДМ интиқоли маблағ имконпазир мегардад.

    Илова бар ин, аллакай дар семоҳаи сеюм муштариёни ВТБ метавонанд ба кортҳои системаҳои миллии пардохтии Абхозистон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фавран маблағ интиқол диҳанд. Барои ин ба корбари ВТБ Online бояд танҳо рақами корт ва номи пурраи пардохтгиранда нишон дода шавад.

    Дар семоҳаи дуюм муштариёни ВТБ тавассути Системаи пардохти зуд беш аз 74 миллион интиқол доданд ва ба маблағи беш аз 390 миллиард рубл дар Русия пардохтанд. Саҳми хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии интиқолҳо байни шахсони воқеӣ 71 фоизро ташкил дода, нисбат ба нимсолаи дуюми соли 2021 1,5 маротиба зиёд шудааст.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates