Аз 1 декабр дар Ӯзбекистон ба таври тест низоми холҳои ҷаримавӣ барои вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба роҳ монда мешавад

    Нақлиёт 29 Noyabr 2022 1414

    Қонун ва лоиҳаи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷорӣ кардани холҳои ҷаримавӣ таҳия шуд. Дар айни ҳол якҷоя бо кормандони масъули Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба мукаммал кардани лоиҳаи қонун бо таъсиси гуруҳи корӣ кор пеш бурда мешавад.

    Аз 1 декабр низоми ҳисобкунии холҳои ҷаримавӣ барои вайронкунии ҚҲР дар тартиби тест ба роҳ монда мешавад. Дар ин ҳолат, вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба таври худкор дар нармафзор ба қайд гирифта мешаванд.

    Азбаски ин система нав аст, тамоми хатову камбудиҳои система ва қонуншиканиҳои роҳ додашуда ҳангоми кор дар тартиби тестӣ дар давраи дастгирии техникии система тадриҷан ошкор, бартараф ва такмил дода мешаванд.

    Барои роҳ надодан ба эътирозҳои эҳтимолии аҳолӣ холҳо барои вайронкунии қоидаҳои ҳаракт дар роҳ, ки дар рафти санҷиш ошкор карда шудаанд, ба инобат гирифта намешаванд.

    Нармафзор пас аз пурра бартараф кардани хатову камбудиҳои ошкоршуда санҷида, ба кор андохта шуда, барои вайрон кардани қоидавайронкуниҳо аз ҷониби ронандагон холҳои ҷарима дода мешавад.

    Дар асоси натиҷаҳои санҷиши мусбат, Сарраёсати бехатарии ҳаракат дар роҳ дар бораи вақти ба кор андохтани система маълумоти иловагӣ медиҳад.