Аз 1 декабр дар Ӯзбекистон низоми холҳои ҷаримавӣ барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷорӣ карда мешавад

    Нақлиёт 25 Noyabr 2022 2498

    Мувофиқи қарори Президент “Дар бораи чораҳо оид ба боэътимод таъмин кардани бехатарии инсон ва якбора коҳиш додани ҳолатҳои фавт дар роҳҳои автомобилгард” аз 4 апрели соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон аз 1 декабр низоми ҳисобкунии холҳои ҷаримавӣ ба ронандагон барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ҷорӣ карда мешавад.

    Ҳамин тариқ, дар давоми 12 моҳ барои ҳар як вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ холҳои алоҳидаи ҷаримавӣ муқаррар карда мешаванд.

    Ҳуқуқвайронкуниҳо ба таври зерин ҳисоб карда мешаванд:

    барои баланд бардоштани суръат — хол, барои гузаштан дар чароғи сурхи светофор — 3 хол. Дар мавридҳое, ки холҳои ҷаримаи ҳисобшуда аз 12 балл зиёд бошанд, ронанда ба муҳлати муайян аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёт маҳрум карда мешавад.

    Ронандагоне, ки дар муҳлати муайян қоидаҳои ҳаракати роҳро содир накардаанд, аз ҳисоби кам кардани холҳои ҷаримавии баъдан ҳисобшуда ҳавасманд карда мешаванд.