Аз 1 январи соли 2023 шаҳодатномаи таваллуд бо QR-код, ки дар муассисаҳои тиббӣ дода мешаванд, ба шаҳодатномаи мӯҳрдор баробар карда мешавад

    Дар брифинг дар АИКО роҳбари хидмати иттилоотии Вазорати адлия Севара Уринбоева дар бораи шароити мусоиде, ки барои аҳолӣ дар соҳаи хизматрасонии давлатӣ фароҳам оварда мешаванд, маълумот дод.

    Гуфта мешавад, ки ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо рад кардани қабули маълуимотнома бо QR-код манъ карда мешавад.

    Шаҳодатномаи таваллуд бо герб аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вақти дилхоҳ дар асоси аризаи шаҳрвандон бо ситонидани боҷи мўҳр ба андозаи муқарраршуда дода мешавад.

    Инчунин аз 1 ноябри соли 2022 то 1 июли соли 2023 гузарондани озмоиши ҳуқуқӣ оид ба қабули аризаҳои қайди ақди никоҳ ва бекор кардани ақди никоҳ ба воситаи марказҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и хидматҳои давлатии вилояти Сирдарё ба нақша гирифта шудааст.

    Бинобар натиҷаҳои озмоиши ҳуқуқӣ, дар ҳолати мувофиқи мақсад эътироф шудани маълумотҳои хидматҳои давлатӣ ба воситаи марказҳои хидматҳои давлатӣ, ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд.

    Дар брифинг инчунин дар бораи механизмҳои қайди давлатии шахсони юридикӣ, ки субъекти соҳибкорӣ намебошанд, ва имкониятҳои дар ин самт фароҳам овардашуда маълумот дода шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates