Аз 15 июл то 15 август аксарияти поездҳо аз вокзали Ҷанубӣ ба роҳ мебароянд

    Нақлиёт 10 Iyul 2024 580

    Аз 15 июл то 15 августи соли 2024 аксари қаторҳо, аз ҷумла, баландсуръати Afrosiyob ва «Шарқ» аз вокзали ҷанубии Тошканд ҳаракат хоҳанд кард.

    Рейсҳои "Алмато - Тошканд - Алмаато", "Тошканд - Новосибирск - Тошканд", "Тошканд - Самара - Тошканд" ва қатораҳои шаҳрии "Тошканд - Хоҷикент - Тошканд" истисно мебошанд.

    Аз ҷумла, дар давоми моҳ қатораҳои баландсуръати электрикии “Афросиёб”, “Шарқ”, “Насаф” ва қатораҳои мусофирбари “Тошканд – Андиҷон – Тошканд”, “Тошканд – Волгоград – Тошканд”, “Душанбе – Тошканд – Душанбе” ҳаракатҳоро аз вокзали Ҷанубӣ анҷом медиҳанд.

    Ин ба туфайли корҳои азнавсозии роҳҳои байни стансияхои "Туқимачи" ва «Тошканд-Мусофирӣ» (Вокзали марказӣ) мебошад.

    Барои фароҳам овардани қулайӣ ба мусофтрон ҳамаи кассаҳои вокзалҳои «Тошканд—Марказӣ» ва «Тошканд—Ҷанубӣ» шабонарӯз кор мекунанд. Илова бар ин, чиптаҳоро ба таври электронӣ дастрас кардан мумкин аст.

    Инчунин, дар давоми як моҳ дар вокзали марказии Тошканд автобусҳои бепул ҳаракат мекунанд, то ба вокзали Ҷанубӣ мусофиронеро, ки қабл аз рафтани қатора чипта харидаанд ва ё иштибоҳан ба вокзали марказӣ омадаанд, расонанд.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates