Аз моҳи марти соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон барои шаҳрвандони кар ва нобино Маркази ягонаи Call ба кор шурӯъ мекунад

    Тандурустӣ 10 Fevral 2022 1079

    Моҳи марти соли равон дар Ӯзбекистон нахустин Маркази ягонаи алоқае, ки ёрирасони одамони маҳрум аз қобилияти шунидан, гуфтан ва дидан мебошанд, ба кор сар мекунад.

    Дар Маркази ягонаи Call-центр ва системаи “Call back” мутахассисон таври муттасил, шабурӯз бо муроҷиат ва шикояти шаҳрвандони имконияташон маҳдуди оҷиз, кар ва гунг кор мекунанд.

    Дар ин бора ҷонишини якӯми директори Агентӣ оид ба инкишофи хизматрасонии тиббӣ-иҷтимоӣ Баҳодур Каримов, зимни брифинг, хабар дод.

    Алҳол, барои кор кардан дар ин марказ, 18 нафар оператору сурдомутарҷимон ва духтур-экспертҳо таълим мегиранд.

    Дар ҳолати 1 январи соли 2022 теъдоди умумии шахсони имконияташон маҳдуди синнашон аз 16-сола боло, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 670, 7 ҳазор нафарро ташкил менамояд.

    Аз 10 январи соли 2022 тибқи фармоиши Шӯрои муҷовири кор бо одамони имконияташон маҳдуд ба рӯйхатгирии ашхоси имконияташон маҳдуди сабтиномшуда дар барномаи Комиссияи экспертизаи тибӣ-иҷтимоӣ(КМСЭ) бо усули санҷиши хона ба хона ва “махаллабай” сар мешавад.

    Ҷараёни ба рӯйхатгирӣ 15 феврали соли ҷорӣ ба охир мерасад ва аз рӯи ҳар як машокили (муаммои) муайяншуда барномаи алоҳидаи тадобир, аз ҷониби Шӯрои мазкур, қабул карда мешавад.

    Аз аввали кори барӯйхатгирӣ, дар ҳудуди ыумҳурӣ, 649 341 шахсони ба имконоти маҳдуд мувоҷеҳ сабти ном ва вориди эҳсоия шудааст, ки ин 97 фоиз назар ба теъдоди умумии чунин ашхосанд. Ба ҳисоби миёна дар як рӯз 22 358 нафар одамони ба чунин тоифа мансуб ба ҳисоб гирифта шудааст.

    Демографияи шахсони имконияташон маҳдуд чунин аст:

    - 648 310 нафар дар базаи маълумотҳои КЭТИ (99%);

    - 654 одам дорои аломатҳои аниқи имконияташон маҳдуд, аммо ба комиссия (КЭТИ) барои собит намудани маҷрӯҳият (инвалидӣ) муроҷиат накардаанд.

    - 1360 – нафар ба хориҷи мамлакат нақли макон кардаанд

    - 4764 – нафар вафот кардааст.

    Тавассути пурсиш шароити зист ва таъминоти молиявии одамони имконияташон маҳдуд ташхис шудааст, аз онҳо

    206 989 нафар ба тоифаи (категорияи) сабз, 405 245 – ба тоифаи зард ва 17 884 нафар шомили тоифаи сурх гардонида шудаанд.