Президентҳо аз натиҷаҳои музокирот, ки дар фазои анъанавии ошкоро, эътимодбахш ва корӣ сурат гирифтанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳамин тавр, дар мулоқот маҷмӯи кулли масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Ӯзбекистону Қазоқистон дар ҳама самтҳои рӯзномаи дуҷониба ва минтақавӣ муфассал баррасӣ шуд.
Шавкат Мирзиёев дар оғози изҳороти худ бори дигар мардуми Қазоқистонро бо 30-солагии истиқлолият табрик гуфт.
Таъкид гардид, ки солҳои охир дар муносибатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон дигаргуниҳои азим ба амал омада истодаанд, ки дар асоси дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд.
Роҳбари Ӯзбекистон қайд кард, ки имрӯз қарори таърихӣ қабул шуд – ҳамкориҳои дуҷониба ба сатҳи муносибатҳои иттифоқӣ бардошта шуд, ки он ба манфиатҳои дарозмуддати халқҳои бародари мо комилан мувофиқат мекунад ва аз он бармеояд.
- Дар меҳвари ҳамкориҳои Ӯзбекистону Қазоқистон низ саъйи истифодаи иқтидори бузурги мутақобила мебошад. Мо ният дорем, ки саъю кӯшиши худро муттаҳид намуда, нуқтаҳои нави пешрафтро пайдо кунем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Аз натиҷаҳои шарикии тиҷоратию иқтисодӣ, ки самти афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба мебошад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Танҳо аз аввали соли ҷорӣ ҳаҷми тиҷорати мутақобила қариб 40 дарсад афзоиш ёфта, расидан ба нишонаи рекордии 4 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Дар рафти гуфтушунид мақсади дар соли оянда то 5 миллиард зиёд гардондани гардиши мол ва дар ояндаи наздик ба 10 миллиард расондани он муайян карда шуд.
Қайд гардид, ки ҷиҳати тавсеаи интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки кластерҳои кишоварзӣ, марказҳои дистрибютори яклухт ва логистикӣ таъсис дода, лоиҳаи «Агроэкспресс» пеш баранд.
Аҳамияти созишномаҳои ҳосилшуда дар соҳаи кооператсияи саноатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ таъкид гардид. Аллакай мисолҳои хуб — васли автомобилҳо, автобусҳо ва техникаҳои кишоварзӣ дар Кустанай, истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ ва электротехника дар Туркистон ва Чимкентро овардан мумкин аст.
Дар Ўзбекистон дар саноат, соҳаҳои энергетика, кимиё, саноати сохтмон, сектори бонк ва дигарҳо лоиҳаҳои муштарак татбиқ мегарданд.. Дар натиҷаи чорабиниҳои корӣ, ки дар арафаи сафар баргузор шуд, созишномаҳои нави сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ ба маблағи тақрибан 6 миллиард доллар ба имзо расид.
- То ҳол ин гуна нишондиҳандаҳо мавҷуд набуданд. Ҳамаи ин созишномаҳои қатъиеанд, ки барои пешомад асоси хуб фароҳам меоранд, - таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.
Барои васеъ гардондани иқтидори соҳаи нақлиёт ва транзит татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилии “Учқудуқ-Қизилӯрда”, инчунин роҳи оҳани баландсуръати “Туркистон-Чимкент-Тошканд” ба нақша гирифта шудааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаҳои энергетикии сабзро фаъолона пеш баранд, якҷоя технологияҳои навтарини сарфакунандаи обро ҷорӣ кунанд, дар минтақаи баҳри Арал ҷангалзорҳои муштарак бунёд кунанд ва бо донорҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намоянд.
Дар брифинг ҳамчунин созишномаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ зикр гардид.
- Дар замони имрӯзаи душвору зиддиятнок фарҳангу маънавиёт аҳамияти боз ҳам бештар касб намуда, ба шуур ва қалби одамон, хусусан насли наврас таъсири судманд мерасонад, - таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Ба ин муносибат дар ҷараёни музокираҳо дар бораи ба таври муназзам баргузории Соли Ӯзбекистон дар Қазоқистон ва Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон тавофуқ ҳосил шуд. Соли оянда дар мамлакати мо Конгресси якуми чавонон ва форуми зиёиёни эҷодкор ва илмӣ барпо мегардад.
Зикр гардид, ки дар Ӯзбекистон дар айни ҳол беш аз ҳаштсад ҳазор нафар қазоқҳо ба сар мебаранд. Барои рушди фарҳанг, забон, анъанаҳои миллӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо қариб чорсад мактаб бо забони қазоқӣ фаъолият нишон медиҳад.
Маркази миллии фарҳангии қазоқ, ки ҳашт филиали минтақавӣ дорад, сӣ сол боз дар Ӯзбекистон фаъолона кор пеш мебарад.
- Мо ифтихор дорем, ки дар байни шаҳрвандони қазоқ онҳое ҳастанд, ки сазовори унвони олии Қаҳрамони Ӯзбекистон ва дигар мукофотҳои давлатӣ шудаанд, сенатору депутатҳо, вазирону генералҳо, роҳбарони корхонаҳои калон ҳастанд, - гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба хотири васеъ таҷлил намудани 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатии Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар соли оянда барномаи дахлдор қабул кунанд.
Сарвари Ӯзбекистон ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар платформаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дахл намуда, таъкид кард, ки имрӯз мо тавонистем платформаи самарабахши Мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро ташаккул диҳем, ки дар доираи он роҳҳои рушди ҳамаҷониба хонаи умумии мо муайян карда мешаванд.
Дар мулоқот ба масъалаҳои муқовимат ба чолишҳои амниятӣ ва субот дар минтақа, пеш аз ҳама дар пасманзари авзоъ дар Афғонистони ҳамсоя таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шуд. Тасдиқ шуд, ки дар ин масъала мавқеъҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон комилан мувофиқанд.
Кишвари мо ташаббусҳои Қазоқистонро дар чаҳорчӯби раёсати он дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастгирӣ мекунад. Қазоқистон аз раёсати Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ пуштибонӣ мекунад.
- Дар рафти сафари мазкур мо бастаи ҳуҷҷатҳои назаррасро имзо кардем. Муҳимтарини онҳо Декларатсия дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ мебошад, ки дар бораи сатҳи олии эътимод ва шарикӣ, омодагии якҷоя ва дастгирии ҳамаҷониба шаҳодат медиҳад. Мо тарафдори таҳкими дӯстии чандинасра, ҳамсоягии нек ва ҳамкории ҳамаҷониба ба манзури шукуфоии ду халқи бародар ҳастем, - гуфт Президенти Ӯзбекистон.
Президент Қасим-Жомарт Тоқаев аз натиҷаи музокирот, ки дар ҷараёни он оид ба доираи васеи масъалаҳо табодули афкор сурат гирифт, изҳори қаноатмандӣ кард.
Раҳбари давлатамон Президенти Қазоқистонро даъват кард, ки дар вақти барояш қулай ба Ӯзбекистон ташриф оварад.