Ин лоиҳа барои ман хеле арзишманд аст, зеро аз марҳилаҳои аввали таҳияи консепсия ба бахти иштирок дар он муяссар гардидам. Ҳамон вақт ман ғояи эҷоди фазоеро пешниҳод карда будам, ки равандҳои амиқи дар Ӯзбекистон татбиқшавандаро – ҳамоҳангии инноватсия ва анъана, саъй ба оянда ва эҳтиром ба арзишҳои абадиро инъикос мекунад", - навиштааст ёрдамчии президент дар Telegram канали худ.
Ҳамчун манбаи илҳом масҷиди нодири ҷомеи Хива, ки 213 сутун дорад ва сафолҳои лоҷувардии Бухоро интихоб шудаанд ва маҳз инҳо заминаи меъморӣ ва моддии павилонро ташкил медиҳанд.
Павилон мисли ҷомеаи мо рангорангии фарҳанг, забон ва рӯйдодҳои таърихиро инъикос кардааст. Пулест, ки гузашта ва ояндаро бо ҳам мепайвандад ва ба ҷаҳон барои беҳтар дарк кардани имрӯзи Ӯзбекистон кӯмак мекунад.
Ба шарикони байналмилалӣ барои дастгирӣ ва эътимодашон миннатдорӣ баён мекунам. Бовар дорам, ки ташаббусҳои муштараки фарҳангӣ ва муколамаи мутақобила ба кишвари мо имкониятҳо ва эътирофи нав меорад, – гуфтааст Саида Мирзиёева.