Кормандони тиб метавонанд ба Маркази тамос бо рақами ягонаи 1295 муроҷиат намуда, саволҳо, фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои марбут ба фаъолияти онҳо ва умуман рушди соҳаи тандурустиро гузоранд.

Қисми асосии муроҷиатҳо аз ҷониби коршиносони масъули ба «Call -марказ»-ҳо вобасташуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳал карда мешаванд,   як қисмаш дар рафти мулоқоти кушод бо олимон, духтурон, дорусозон, ҳамшираҳои шафқати тиббӣ ва дигар кормандони низоми нигаҳдории тандурустӣ бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон равона карда мешаванд, хабар медиҳад Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.