Бинобар ҷамъбасти ҳамоиши Самарқанд ҳуҷҷатҳои зиёд имзо шуданд

    Ҳукумат 16 Sentabr 2022 4810

    16 сентябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

    Тибқи рӯзномаи ҳамоиш вазъият ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳо ва самтҳои фаъолияти СҲШ, ки мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд, баррасӣ шуданд. Ҳуҷҷати асосии ниҳоӣ Эъломияи Самарқанди Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ буд.

    Миқдори рекордии созишномаҳо, консепсияҳо, барномаҳо ва дигар қарорҳо - дар маҷмӯъ 44 ҳуҷҷат қабул карда шуданд. Аз он ҷумла қарорҳо:

    – дар бораи Нақшаи чорабиниҳои комплексӣ барои солҳои 2023-2027оид ба татбиқи қоидаҳои Шартнома дар бораи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ;

    – дар бораи Консепсияи давлатҳои аъзои СҲШ оид ба рушди ҳамбастагӣ ва ташкили долонҳои самараноки нақлиётӣ;

    – дар бораи Низомнома дар бораи унвони фахрии «Сафири некихоҳии СҲШ»;

    – дар бораи “Харитаи роҳ” оид ба тадриҷан зиёд кардани ҳиссаи асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобилаи кишварҳои узви СҲШ;

    – дар бораи имзои Ёддоштдар бораи ӯҳдадориҳои Эрон ба мақсади гирифтани мақоми узви СҲШ;

    – дар бораи оғози тартиби қабули Ҷумҳурии Беларус ба узвияти СҲШ;

    – дар бораи додани мақоми шарики муколамаи СҲШ ба Ҷумҳурии Малдив, Баҳрайн, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Иттиҳоди Мянма, Давлати Кувайт;

    – дар бораи эълони шаҳри Варанаси (Ҳиндустон) пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии СҲШ дар солҳои 2022-2023;

    – дар бораи имзои Ёддошти байни Котиботи СҲШ ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО);

    – оид ба ҳисоботи Дабири кулли СҲШ оид ба фаъолияти Созмон дар соли гузашта ва Шӯрои сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ оид ба фаъолият дар соли 2021;

    – дар бораи қатъи амали қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ;

    – оид ба такмили фаъолияти СҲШ.

    Изҳороти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ инчунин дар самтҳои зерин қабул гардид:

    – оид ба чораҳои вокуниш ба тағйирёбии иқлим;

    – оид ба таъмини занҷирҳои боэътимод, устувор ва диверсификатсияи таъминот;

    – оид ба таъмини амнияти озуқавории ҷаҳонӣ;

    – оид ба таъмини амнияти энергетикӣ.

    Илова бар ин, дар доираи чорабинӣ ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расонида шуданд:

    – Ёддошт дар бораи ӯҳдадории Эрон барои гирифтани мақоми узви давлати СҲШ;

    – Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

    – Чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ дар соҳаи савдои хизматрасонӣ байни кишварҳои узви СҲШ;

    – Ёддошти байни мақомоти ваколатдори кишварҳои СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти осорхонавӣ;

    – Созишнома байни мақомоти ваколатдори кишварҳои СҲШ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ;

    – Барномаи ҳамкории кишварҳои СҲШ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

    – Барномаи рушди инфрасохтори кишварҳои СҲШ;

    – Барномаи ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои саноатӣ байни доираҳои тиҷоратии кишварҳои СҲШ;

    – Барномаи СҲШ оид ба рушди саводнокии рақамӣ;

    – Барномаи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ оид ба рушди интеллекти сунъӣ;

    – «Харитаи роҳ» оид ба ҳамкории ташкилотҳои тиббии давлатҳои аъзои СҲШ дар самти пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ;

    – Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкориҳои илмию техникӣ дар самтҳои афзалиятноки давлатҳои аъзои СҲШ (солҳои 2022-2025);

    – Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба рушди савдои дохилиминтақавии СҲШ;

    – Консепсияи ҳамкории кишварҳои СҲШ дар соҳаи телетиб;

    – Консепсияи ҳамкории кишварҳои СҲШ дар соҳаи кишоварзии «интеллектуалӣ» ва ҷорӣ намудани инноватсияҳои кишоварзӣ;

    – Ёддошти байни котиботи СҲШ ва Лигаи кишварҳои араб;

    – Ёддошти тафоҳум байни Котиботи СҲШ ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО);

    – Ёддошти тафоҳум байни Котиботи СҲШ ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) ва дигар ҳуҷҷатҳо.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates